Санаи 02.03.2026 дар Коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик Осимӣ машварати корӣ оид ба иҷрои супоришҳое, ки дар ҷаласаи назди раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ, 27 феврали соли 2026 дар Литсейи касбии техникии нақлиёти роҳи оҳани шаҳри Душанбе баён гардида буданд, баргузор шуд.
Дар рафти машварат масъалаҳои муҳими вобаста ба вазъи имрӯза мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ, риояи сару либоси тавсиявӣ, одоби муошират, назорати давомот ва тақвияти ҳисси ватандӯстӣ миёни донишҷӯён таъкид гардид.
Қайд карда шуд, ки таълиму тарбияи насли наврас ва ҳидояти онҳо ба роҳи созандагӣ аз вазифаҳои аввалиндараҷаи мо омӯзгорон ба шумор меравад. Ҷиҳати татбиқи масъалаҳои баррасишуда нақшаи чорабиниҳо таҳия гардида, иҷрои он таҳти назорати доимӣ қарор дода мешавад.