Бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 01 январи соли 2026, №949, инчунин тибқи дастури Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 26.02.2026 дар толори фарҳангии коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ даври якуми (муассисавии) озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” баргузор гардид.
Дар озмун муовинони директор оид ба илм ва инноватсия, тарбия, сардори раёсати ташкилӣ-тарбиявӣ, мудири бахши фарҳанг, мудири кафедраи забонҳо, мудири бахши кор бо ҷавонон ва мудири китобхона тибқи комиссияи таъсисдодашуда ва хонандагону донишҷӯён иштирок намуданд.
Сараввал муовини директор оид ба илм ва инноватсия Азимов Холиқназар ба сухан баромада, муҳтавои озмунро ба иштирокчиёни озмун шарҳ дода, қайд намуд, ки озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» соли ҳаштум аст, ки зери таваҷҷуҳ ва сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаҳои санъати мусиқӣ, сарояндагӣ, тасвирӣ ва дизайн, баланд бардоштани маҳорати касбӣ ва зебоишиносӣ, тақвият бахшидан ба ҳунари баланди иҷрокунандагӣ, таблиғ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии фарҳанги волои миллати тоҷик, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба суннатҳои неки аҷдодӣ, арзёбии сатҳи касбии асарҳои нави мусиқӣ, офарандагӣ, интихоби намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд ва асарҳои рассомӣ, ки инъикоскунандаи фарҳанги гузашта ва имрӯзаи миллати тоҷикро таҷассум менамоянд, гузаронида мешавад.
Сипас, сардори раёсати ташкилӣ-тарбиявӣ Раҳмонзода Муҳаммадсаид ва мудири бахши фарҳанг Акрамова Нуринисо ба сухан баромада,
қайд намуданд, ки озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” як чорабинии муҳими фарҳангӣ ва санъатӣ мебошад, ки ҳамасола дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор мегардад, ки мақсади асосии баргузории он дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаи санъати мусиқӣ, сарояндагӣ, тасвирӣ ва дизайн, инчунин баланд бардоштани маҳорати касбӣ, зебоишиносӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва муаррифии фарҳанги волои миллати куҳанбунёди тоҷик ба ҳисоб меравад.
Дар озмун 12-нафар донишҷӯён аз рӯи номинатсияи санъати тасвирӣ ва сарояндагӣ иштирок намуда, аз рӯйи шартҳои муқарраргардида маҳорату малакаи худро санҷида, сатҳи омодагии назариявӣ ва амалии хешро нишон доданд. Саволу ҷавобҳо бо дарназардошти талаботи озмун таҳия гардида, баҳогузорӣ аз ҷониби ҳайати ҳакамон шаффоф ва одилона анҷом дода шуд.
Дар ҷамъбасти даври аввали озмуни мазкур аз тарафи комисия озмун хулоса бароварда шуд, ки донишҷӯёну ва хонандагони зикргардида ба даври ноҳиявӣ сафарбар мегарданд,
Иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ агар аз як ҷиҳат кашфи чеҳраҳои санъати баланди миллии тоҷикӣ бошад, аз ҷониби дигар дастгирии наврасону ҷавонон дар роҳи интихобкардаашон мебошад.