БАРГУЗОРИИ ДАВРИ ЯКУМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ” ДАР КОЛЛЕҶИ ТЕХНИКИИ ДТТ БА НОМИ АКАДЕМИК М.ОСИМӢ
Бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 01 январи соли 2026, №950, инчунин тибқи дастури Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 25.02.2026 дар толори фарҳангии коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ даври якуми (муассисавии) озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” баргузор гардид.
Дар озмун муовинони директор оид ба таълим, илм ва инноватсияи, тарбия, сардори раёсати таълим, декани факултети энергетика ва нақлиёт, мудирони кафедраҳои дахлдор, омӯзгорон тибқи комиссияи таъсисдодашуда ва хонандагону донишҷӯён иштирок намуданд.
Сараввал муовини директор оид ба таълим Одинаев Раҳмоналӣ ба сухан баромада,
вобаста ба аҳамияти озмун дар рушди тафаккури илмӣ, тақвияти ҷаҳонбинии техникию табиӣ ва дарёфти истеъдодҳои ҷавон суханронӣ намуда, таъкид кард, ки чунин ташаббусҳо барои баланд бардоштани сифати таҳсилот ва омода намудани мутахассисони рақобатпазир заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Қайд карда шуд, ки озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» бо ҳадафи таҳкими шавқу рағбати ҷавонон ба омӯзиши фанҳои дақиқ ва табиатшиносӣ, дарёфти хонандагону донишҷӯёни болаёқат ва ҷалби онҳо ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ роҳандозӣ гардидааст.
Сипас, муовини директор оид ба илм ва инноватсия, номзади илмҳои техникӣ, дотсент Азимов Холиқназар ба сухан баромада, муҳтавои озмунро ба иштирокчиёни озмун шарҳ дода, барои онҳо ҳайати комисияи озмуни ҷумҳуриявии “Илм- Фурӯғи маърифат” – ро муаррифӣ намуда, имтиёзҳо ва шартҳои озмунро ба иштирокчиён фаҳмонида, ба онҳо муваффақият тамано намуд.
Азимов Х.Ҳ. зимни баромадаш қайд кард, ки мо ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯёни коллеҷи техникӣ вазифадорем, ки сиёсати пешгирифтаи маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ҳама самтҳои илму дониш дастгирӣ намоем. Мову Шумо медонем, ки озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” бо ташаббуси Пешвои миллат баргузор шудааст, ки дар саросари кишвар дар 4-давр гузаронида мешавад. Айни замон мо даври аввали озмуни мазкурро дар муассиса гузаронида истодаем.
Хушбахтона дар даври аввал аз аз рӯйи номинатсияҳои:
-математика (арифметика, алгебра, геометрия);
-физика ва астрономия;
-химия;
-биология (ботаника, зоология, анатомия);
-география;
-технологияи иттилоотӣ;
-зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ;
-ихтироъкорӣ ва навоварӣ.
зиёда аз 400 нафар донишҷӯёну хонандагон иштирок намуданд.
Иштирокчиён аз рӯйи шартҳои муқарраргардида донишу малакаи худро санҷида, сатҳи омодагии назариявӣ ва амалии хешро нишон доданд. Саволномаҳо ва супоришҳо бо дарназардошти стандартҳои таълимӣ таҳия гардида, баҳогузорӣ аз ҷониби ҳайати ҳакамон шаффоф ва одилона анҷом дода шуд.
Дар ҷамъбасти даври аввали озмуни мазкур аз тарафи комисия озмун хулоса бароварда шуд, ки донишҷӯёну ва хонандагони зикргардида ба даври ноҳиявӣ сафарбар мегарданд,
Дар охир ба ғолибони даври якуми озмуни мазкур супориш дода шуд, ки барои нуфузи коллеҷ кушиш намуда, то даври ноҳиявии озмун омодагии хуб бинанд ва муаррифгари худ ва коллеҷ гарданд.