Бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 18-уми феврали соли ҷорӣ дар толори китобхонаи коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ даври аввали (муассисавии) озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор гардид. Сараввал муовини директор оид ба таълим Одинаев Раҳмоналӣ, муҳтавои озмунро ба иштирокчиёни озмун шарҳ дода, барои онҳо ҳайати комисияи озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” – ро муаррифӣ намуд. Сипас, имтиёзҳои озмунро ба иштирокчиёни озмун фаҳмонида, ба иштирокчиёни озмун муваффақият тамано намуд. Сипас, муовини директор оид ба илм ва инноватсия Азимов Холиқназар баромад намуда, қайд кард, ки мо ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯёни коллеҷи техникӣ вазифадорем, ки сиёсати пешгирифтаи маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ҳама самтҳои илму дониш дастгирӣ намоем. Мову Шумо медонем, ки озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” бо ташаббуси Пешвои миллат баргузор шудааст, ки дар саросари кишвар дар 4-давр гузаронида мешавад. Айни замон мо даври аввали озмуни мазкурро гузаронида истодаем. Хушбахтона дар даври аввали номинатсияҳои озмуни мазкур 8-нафар омӯзгорон ва 76 – нафар донишҷӯёну хонандагон иштирок намуданд. Дар даври аввали озмуни мазкур тибқи руйхати пешниҳодкардаи мудири кафедраи забонҳо Раҳимзода Баҳодур иштирокчиёни озмун 84-нафар аз номинатсияҳои озмун аз факултетҳо ва шуъбаи таҳсилоти ибтидои касбӣ иштирок намуданд. Дар ҷамъбасти даври аввали озмуни мазкур дар китобхонаи коллеҷ аз тарафи комисия озмун хулоса бароварда шуд, ки омӯзгорону донишҷӯён ва хонандагони зикргардида ба даври ноҳиявӣ сафарбар мегарданд, Дар охир ба ғолибони даври якуми озмуни мазкур супориш дода шуд, ки барои нуфузи коллеҷ кушиш намуда, то даври ноҳиявии озмун омодагии хуб бинанд ва муаррифгари худ ва коллеҷ гарданд.
Хабарҳо
ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ 33-ЮМИН СОЛГАРДИ ТАЪСИСЁБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОЛЛЕҶИ ТЕХНИКИИ ДТТ БА НОМИ АКАДЕМИК М.ОСИМӢ
Санаи 20.02.2026 дар толори фарҳнгии коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ чорабинии илмӣ – фарҳангӣ, бахшида ба 33-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Ҳомиёни ватан” бо иштироки меҳмонон баргузор Read more…





