Имрӯз санаи 07.03.2026 дар толори фарҳангии коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ, чорабинии фарҳангӣ – фарогатӣ бахшида ба таҷлили Рӯзи Модар таҳти унвони “Ҳеҷ ганҷе беҳтар аз модар нест” баргузор гардид.
Чорабинии мазкур бо иштироки меҳмонон: Нуқраи Суннатниё – шоира, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи ба номи Мирзо Турсунзода, Лола Азизова – ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, аҳли раёсат ва омӯзгорону донишҷӯёни коллеҷи техникӣ баргузор гардид.
Дар оғоз директори коллеҷи техникӣ – муҳтарам Низомзода Зокирҷон Мукарам, занону модарони коллеҷро бо суханони гарму самимӣ ба муносибати Рӯзи Модар табрику муборакбод намуда, иброз дошт, ки бо шукургузори аз офтоби софу осудагии мардуми сарбаланди Тоҷикистони азиз ва ташаббусҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Рӯзи Модар дар саросари кишвар ҷашн гирифта мешавад. Дар ҳақиқат, модарон ободии хонавода, дунёи маънавиёти оила, маърифати фарзандон, қадру манзалати шавҳар, пойдориву устувории оила аст:
Занонро гар зи дониш зеваре ҳаст,
Умеди рӯзгори дигаре ҳаст.
Агар чанде зи занҳо пайғамбаре нест,
Ҳама пайғомбаронро модаре ҳаст.
Сипас, шоира, узви Иттифоқи нависандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи ба номи Мирзо Турсунзода – Нуқраи Суннатниё ба сухан баромада иштирокдорони чорабиниро ба муносибати Рӯзи модар табрик гуфта, ба онҳо саломатӣ, умри дароз таманно намуда, қайд намуд, ки модар худ як мӯъҷизаи олам ба ҳисоб меравад. Ҳар як инсон аз модар ба дунё меояд. Модар фарзанди худро бо меҳри беандозаву муҳаббати бепоён ба воя мерасонад, зеро меҳру муҳаббати модар нисбат ба фарзанд бемисл аст.
Шоир гуфтааст:
Якшаба он ранҷ, ки модар кашид,
Бо ду ҷаҳонаш натавон баркашид.
Тибқи сенарияи қисмати фарҳангии чорабинӣ бо шеъру сурудҳо дар васфи зан модар бо иштироки сарояндаи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Лола Азизова ва саҳначаҳои ҷолиб аз ҷониби донишҷӯён пешкаши ҳозирин гардид.
Дар фарҷоми чорабинии фарҳангӣ як қатор кормандону омӯзгорон ба ифтихорномаи раёсати коллеҷи техникӣ қадрдонӣ карда шуданд.







