Санаи 6-уми январи соли 2026 дар толори маҷлисгоҳи Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ ҳамоиши илмӣ -сиёсӣ вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Вохӯрии мазкур дар доираи тадбирҳои таблиғотию ташвиқотӣ ҷиҳати омӯзиши ҳамаҷонибаи муҳтавои Паёми навбатии Сарвари давлат роҳандозӣ шуда, ҳадафи он баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсӣ, иҷтимоӣ ва шаҳрвандии омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯён арзёбӣ гардид.
Дар чорабинии мазкур меҳмонон: Усмонзода Муслим, мудири шуъбаи ҷавонони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Мавлонназаров Силмон Силтоназарович, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, сарходими илмӣ- профессориии Пажӯҳишгоҳи равандҳои сиёсӣ, дипломатия ва масоили ҷаҳонишавии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Содиқиён Умед Алимаҳмад муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, инчунин омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни Коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ иштирок намуданд.
Чорабиниро муовини директори Коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ оид ба таълим Одинаев Раҳмоналӣ ифтитоҳ намуда, зимни сухани ифтитоҳӣ таъкид кард, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсоз ва стратегии давлатӣ самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакатро муайян намуда, барои рушди устувори иқтисод, иҷтимоиёт, таҳсилоти касбӣ, маориф, илм ва соҳаҳои муҳими ҳаёти ҷомеа заминаи боэътимод фароҳам меорад. Номбурда зикр намуд, ки барои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ омӯзиши амиқи нуктаҳои Паём аҳамияти хос дошта, дар омода намудани мутахассисони баландихтисос ва рақобатпазир нақши калидӣ мебозад.
Дар идома мудири шуъбаи ҷавонони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Усмонзода Муслим зимни баромади худ иброз дошт, ки Паёми Пешвои миллат барномаи мукаммали рушд буда, дар он масъалаҳои муҳими давлатдорӣ, рушди иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсати ҷавонон, таҳкими ваҳдати миллӣ ва баланд бардоштани маърифати шаҳрвандӣ дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор доранд. Таъкид гардид, ки татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат аз ҳар як шаҳрванди кишвар масъулиятшиносӣ ва саҳми фаъолро талаб менамояд.
Сипас, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Содиқиён Умед Алимаҳмад дар баромади худ қайд намуд, ки Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун роҳнамои амал барои тамоми қишрҳои ҷомеа хизмат намуда, тавассути он самтҳои афзалиятноки рушди соҳаҳои маориф, илм, иқтисод, саноат ва сиёсати иҷтимоӣ муайян карда шудаанд. Зикр гардид, ки ҷавонон ҳамчун нерӯи пешбарандаи ҷомеа бояд дар татбиқи ҳадафҳои дар Паём зикршуда нақши фаъол дошта бошанд.
Намояндаи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлонназаров Силмон зимни суханронии худ таъкид намуд, ки Паёми Президенти мамлакат на танҳо санади сиёсӣ, балки дастури амалӣ барои рушди устувори давлат ва ҷомеа мебошад. Ӯ зикр кард, ки иҷрои пайгиронаи дастуру супоришҳои дар Паём ироагардида метавонад ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, таҳкими суботи иҷтимоӣ ва болоравии нуфузи байналмилалии Тоҷикистон мусоидат намояд.
Ҳамчунин дар ҷараёни вохӯрӣ иброз гардид, ки бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» эълон гардидааст. Ин иқдом ба таҳкими арзишҳои миллӣ, болоравии ҳисси ватандӯстӣ, ҷалби ҷомеа ба корҳои созандагӣ ва рушди маърифати шаҳрвандӣ равона шудааст.
Дар фарҷоми вохӯрӣ иштирокчиён таъкид намуданд, ки баргузории чунин чорабиниҳо барои густариши ҷаҳонбинии сиёсӣ, таҳкими масъулияти шаҳрвандӣ ва иштироки фаъоли ҷавонон дар ҳаёти ҷамъиятӣ аҳамияти калон дошта, дар рушди соҳаи таҳсилоти касбӣ, маориф ва ташаккули нерӯи зеҳнии ҷомеа нақши муассир мегузоранд.