Таҷрибаомўзӣ
Дар коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ таҷрибаомўзии донишҷўён дар асоси нақшаҳои таълимӣ, ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва Стандартҳои тахассусии таҳсилоти миёнаи касбӣ ба роҳ монда шудааст. Тартиби гузаронидани таҷрибаомўзии донишҷўён дар коллеҷи техникӣ дар асоси Низомномаи таҷрибаомўзиҳои донишҷўёни коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ роҳандозӣ карда мешавад. Донишҷўён ба корхонаҳою муассисаҳои давлатӣ ва хусусӣ дар асоси шартномаҳои дутарафа ба таҷрибаомўзии истеҳсолӣ ва пешаздипломӣ фиристода мешаванд.
Ҳамасола аз тарафи бахши таҷрибаомўзӣ ҷиҳати гузаронидани дарсҳои амалӣ, таҷрибаомўзии истеҳсолӣ ва пешаздипломии донишҷўёну хонандагон, баргузории дарсҳои сайёр ва тайёр намудани мутахассисон шартномаҳои дутарафаи ҳамкорӣ роҳандозӣ карда мешавад. Айни ҳол дар маҷмуъ коллеҷ бо зиёда аз 65 корхонаҳои истеҳсолӣ, ташкилотҳо, муассисаҳои бонкӣ ва молиявӣ, пажўҳишгоҳҳо ва муассисаҳои таълимӣ шартномаи дутарафа баста, бо корхонаҳои сохтмонӣ қарордоди якдафъаина дорад, ки дарсҳои амалӣ ва таҷрибаомўзӣ гузаронида мешавад. Ҳамзамон аз тарафи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ низ дархост оид ба гузаронидани таҷрибаомўзӣ ба муассиса пешниҳод карда мешавад. Айни замон коллеҷи техникӣ бо ҶДММ Агентии рекламавии “Реклама и идеи” ,ҶСП “Телекомм технолоджи”, СЕО агентии рекламавии “Реклама и идеи”, ҶДММ Қолинҳои Душанбе,” Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия”,ҶДММ Душанбе Принт,ҶДММ Контраст,ҶДММ “Душанбе Арт”,ҶДММ “Зебокор”,ҶСК “Системавтоматика”, Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн, ҶСП “Бонки байналмилалии Тоҷикистон”,ҶСП ТАҚХ “Ҳумо”, Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҶСП “Актив Бонк”, ҶСП ТАҚХ “ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ”, МДТ “Литсейи касбии техникии нақлиёти роҳи оҳани шаҳри Душанбе”, Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе, ҶДММ “Мавсим ва К”, Агентии назорати давлатии энергетики и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Литсейи касбии политехникии ш.Душанбе”филиали ҶСК “Барқи Тоҷик”, филиали “Неругоҳи Норак”, филиали “Неругоҳои Бойѓозӣ”, филиали “Силсилаи неругоҳҳои Вахш”, филиали “Неругоҳи Қайроққум” ,филиали Маркази барқу гармидиҳи -1”филиали ,“Маркази барқу гармидиҳии -2”, Муассисаи давлатии коммуналии “ Душанбенақлиётхадамотрасон”, ФСН “Варзоб”- ҶСК Барқи тоҷик , “Коргоҳи мошинсоз, Шабакаҳои барқи шаҳри Душанбе, Нерўгоҳи барқии Варзоб,Шабакаҳои телефонии шаҳри Душанбе, Ҷамъияти саҳомии кушодаи телерадиоком, КВД-и марказии Ҷумҳуриявии таъмиру хизматрасонии воситаҳои тиббӣ, Автобус 1, Автобус 2, Автобус 3, Сомонсервис, Хизматгузор 2015, Вазорати нақлиёт, Душанбе нақлиётхадамотрасон, ҶДММ Азия-экспресс, Тоҷиктекстилмаш, ДТТ ба номи академик М.Осимӣ, Корхонаи таъмири роҳҳои Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази Ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии комбинати полиграфии шаҳри Душанбе, Тоҷиктекстилмаш, Раёсати молияи ноҳияи Шоҳмансур ва дигар муассисаю корхонаҳои давлатию ѓайридавлатӣ шартномаҳои дуҷониба оид ба гузаронидани таҷрибаомўзии донишҷуён дорад.