Акрамова Нуринисо Акбаровна
Мудири бахши фарҳанг
Тел: (+992 37)

Акрамова Нуринисо Акбаровна 1- уми январи соли 1964 дар оилаи зиёӣ дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд ба дунё омадааст.
Хоҳари шоир Валиҷон Акбарӣ ва яке аз наберагони шоири асри 17-18 Ноил Шерзода мебошад.
Ӯ соли 1982 муассисаи таълимоти миёнаи рақами 16-и деҳаи Қалъаи Баландро хатм намудааст.
Баъди хатми мактаби мутавассита таҳсилро дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Ҷумҳурии Тоҷикистон идома додааст.
Шавқи донишомӯзӣ ӯро соли 2005 дубора ба даргоҳӣ Донишгоҳи омӯзгории ба номи С.Айнӣ овардааст,ки онро соли 2010 бо муваффақият бо ихтисоси педагогика ва психология ба поён расондааст.
Соли 2016 бо нишони “Аълочии маориф ва илм” қадрдонии шудааст.
Соли 2003 то соли 2009- ба ҳайси муовини директор оид ба тарбия дар Коллеҷи омӯзгори Донишгоҳи омӯзгорӣ ба номи С.Айнӣ фаъолият намудааст.
Дар соли 2010 то ба имрӯз дар Коллеҷи техникӣ Донишгоҳи техникӣ ба номи М.Осимӣ дар шаҳри Душанбе Мудири бахши фарҳанг шуда ифои вазифа мекунад.
Аз хурдӣ зери таъсири бародараш майл ба олами шеър дорад.
Шеъраш бо воситаи матбуоти даврӣ ва китобҳои дастаҷамъии”Аз ҳафт дафтар”, ” Чилдухтарон”,”Атри нигоҳ”, “Гулзори мухаммас”, “Суханварони водии Ҳисор”,”Нома ба Панҷшер”, “Сафинаи сухан”, “Акси садои нигоҳ” ва матбуоти даврӣ дастраси хонандагон гардидааст.
Китоби нахустинаш бо номи “Зан агар ошиқ шавад” соли 2020 дар нашриёти”Истеъдод” ба табъ расидааст.
“Армуғони Нур ” китоби дуюми ӯст.