Дар шароити пуртазоди ҷаҳони муосир, ки бо буҳронҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иқлимӣ ва рақобатҳои шадиди геосиёсӣ тавсиф меёбад, ҳар як давлат барои таъмини амнияти миллӣ, рушди устувор ва ҳифзи манфиатҳои стратегӣ ниёз ба сиёсати дурбин, мутавозин ва илмӣ дорад. Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими сиёсӣ ва барномавӣ бозгӯйкунандаи ҳамин гуна равиши огоҳона ва оянданигаронаи давлатдории тоҷикон мебошад.
Дар ин суханронӣ дастовардҳои назарраси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои охир ҳамаҷониба таҳлил гардида, натиҷаҳои воқеии сиёсати иҷтимоиву иқтисодӣ бо далелҳои мушаххас муаррифӣ мешаванд. Афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, болоравии даромади аҳолӣ, коҳиши сатҳи камбизоатӣ, баланд гардидани дарозумрӣ ва беҳтар шудани сифати зиндагӣ гувоҳи онанд, ки кишвар дар масири дурусти рушд қарор дорад. Ин нишондиҳандаҳо натиҷаи заҳмати софдилонаи мардум ва сиёсати пайгиронаи давлат мебошанд.
Яке аз меҳварҳои асосии паём рушди иқтисоди миллӣ бо такя ба саноатикунонии босуръат ва ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ мебошад. Сохта ба истифода додани ҳазорҳо корхонаҳои саноатӣ, афзоиши истеҳсоли маъдан, металлҳои қиматбаҳо ва маҳсулоти ивазкунандаи воридот Тоҷикистонро тадриҷан аз кишвари истеъмолӣ ба кишвари истеҳсолкунанда табдил медиҳад. Ҳамзамон, рушди энергетика, махсусан бунёди неругоҳҳои барқи обӣ ва офтобӣ, заминаи воқеии истиқлоли энергетикиро фароҳам меорад.
Дар паём ба масъалаи рақамикунонии иқтисод ва идоракунии давлатӣ аҳаммияти махсус дода шуд. Таҷрибаи ҷорӣ намудани низоми биллингӣ дар соҳаи энергетика нишон дод, ки истифодаи технологияҳои муосир метавонад омилҳои инсонӣ, фасод ва талафоти молиявиро ба таври назаррас коҳиш диҳад. Ин раванд барои дигар соҳаҳо низ намунаи муассири идоракунии шаффоф ва самаранок мебошад.
Самти муҳими дигар рушди иқтисоди «сабз» ва нақши Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои глобалии иқлим мебошад. Пешниҳод ва қабули қатъномаҳои байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо, криосфера ва захираҳои об ҷойгоҳи Тоҷикистонро ҳамчун ташаббускори фаъоли рӯзномаи экологии ҷаҳон боз ҳам таҳким мебахшад. Дар шароите ки тағйирёбии иқлим ба амнияти озуқаворӣ ва энергетикӣ таҳдид мекунад, чунин иқдомҳо аҳаммияти стратегии ҷаҳонӣ доранд.
Паём рушди илму маорифро ҳамчун пояи асосии ояндаи давлат арзёбӣ мекунад. Баланд бардоштани маблағгузории соҳа, гузариш ба низомҳои муосири таҳсил, омӯзиши фанҳои дақиқ ва табиатшиносӣ, инчунин таваҷҷуҳ ба забонҳои хориҷӣ ва тайёр кардани кадрҳои баландихтисос омили калидии рақобатпазирии кишвар дар асри XXI мебошад. Пешвои миллат бо таъкид ба худшиносии миллӣ ва тарбияи насли босавод ҳушдор доданд, ки бетаваҷҷуҳӣ ба ин соҳаҳо метавонад ҷомеаро ба ҷаҳолат ва хурофот барад.
Ҷанбаҳои иҷтимоии паём баланд бардоштани музди меҳнат, нафақа, стипендияҳо ва дастгирии гуруҳҳои осебпазир нишон медиҳанд, ки сиёсати иҷтимоии давлат инсонмеҳвар буда, ба беҳбудии воқеии зиндагии мардум равона шудааст. Нақши ҷавонон ва занон ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеа махсус таъкид гардида, дастгирии онҳо яке аз афзалиятҳои сиёсати давлатӣ боқӣ мемонад.
Паёми Пешвои миллат ҳуҷҷати сарнавиштсозе мебошад, ки роҳу равиши рушди минбаъдаи Тоҷикистонро муайян мекунад. Он ҷомеаро ба ваҳдат, масъулиятшиносӣ ва саҳмгузории фаъол дар ободии Ватан даъват намуда, итминон мебахшад, ки бо иттиҳоду сарҷамъӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳо Тоҷикистон метавонад ба ҳадафҳои бузурги худ рушди устувор, амнияти миллӣ ва ҷойгоҳи шоиста дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ноил гардад.
АЗИМОВ Холиқназар Ҳакимович, муовини директор оид ба илм ва инноватсияи МДТ Коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М. Осимӣ, номзади илмҳои техникӣ, дотсент