1. ПАЁМИ СУЛҲ
Бошад ҳамеша ҳамсафари ман каломи сулҳ,
Хоҳем рӯдбори хуши мустадоми сулҳ.
Ҳар субҳидам ба нағмаи сетору арғунун,
Булбул ба шоха мерасад баҳри саломи сулҳ.
Дар зери Парчами Ватан тифлони мо хушанд,
Воло шуморам аз зару сим эҳтироми сулҳ.
Гардад димоғ тозаю гул медамад ба боғ,
Ояд ба гӯши ҷон агар умре паёми сулҳ.
Эй кош,ҷои ҷангҳо дар курраи замин,
Нӯшем бодаи тараб,ёрон,зи ҷоми сулҳ.
2. ИФТИХОР
Тоҷикистон мулки зебои ман аст,
Дар биҳишти адн маъвои ман аст.
Доимо дар хизматаш омодаам,
Амри Меҳан корфармои ман аст.
Дар маҳофил ронам аз бахтам сухан,
Санъатам дар нутқи буррои ман аст.
Маънии рангини ман дил мебарад,
Ҳусни Меҳан шеъри волои ман аст.
Аз чунин наҷориам андеша дор,
Шеър кохи оламорои ман аст.
Ин қасида дар баҳо дурдонаест,
Кӯдаки табъи суханзои ман аст.
Сулҳро дар ин замин бас решаҳост,
Хушдили дар зиндагӣ рои ман аст.
Ман ба Хатлону Бадахшон зиндаам,
Суғди ман ду чашми бинои ман аст.
Аз Саразмам мерасад амвоҷи нур,
Дар Душанбе ганҷи аълои ман аст.
Пешвоям ҳаст марди мӯътабар,
Пеши дида ганҷи яктои ман аст.
Ман фурӯмоя наям дар зиндагӣ,
Ҳастии ман ҷому саҳбои ман аст.
Ман занам,ман гавҳарам, ман модарам,
Ин Ватан, ин хона, ин ҷои ман аст.
Ман гулам, ҳар дидаи бино,ки ҳаст,
Волаи зулфи сумансои ман аст.
Меравам озод сӯи ҳар ҳадаф,
Риштаи ҳаргиз на дар пои ман аст.
Шукри неъмат, шукри Ваҳдат мекунам,
Пур зи гул имрӯзу фардои ман аст.
Шеъри ҷонбахшои ман дил мебарад,
Савлати ман шеъри ғаррои ман аст.
Аз риёкорон надорам ҳеҷ тарс,
Давр меболад, ки дорои ман аст.
Ман,на онам, ки ба бозоре расам,
Юсуфам дар фикри савдои ман аст.
Душмани меҳангадоям бишнавад,
Марги аъло дар суханҳои ман аст.
Сарви гулшан бо ҳама раъноияш,
Маҳви лаъли бодапаймои ман аст.
Зиндагӣ ганҷинаи бемунтаҳост,
Дар дилам нақши сувайдои ман аст.
Аз ватандорӣ ҳамефолам мудом,
Шодам аз оне ки ҳамтои ман аст.
Нур меборад ба ман аз Каҳкашон,
Хуррам аз он кӯҳу саҳрои ман аст.
Нуринисо Акрамова, мудири бахши фарҳанги Коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ