Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Точикистон, бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу Вахдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи қувваҳои мусаллаҳ муттаҳам Эмомалӣ Раҳмон саннаи 23-юми феврали соли 1993 таъсис дода шудааст.
Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар як вазъияти бисёр муташаниҷи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии дохили кишвар бо тамоми сохтору лавозимотҳои ҳарбиаш ва бо қувваи бузурги ҷавонмардони кишвар ташкил карда шуд.
Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тули 33 соли арзи ҳастиаш дар рушду пешрафти Тоҷикистон нақши муҳимро бозидааст. Ин қувваи бузурги ҷавонмардони миллат дар вазъиятҳои душвору ҳассос дур аз падару модар, ёру бародар, хонаву дар ва канори фарзандон дар ҳифзи марзу буми Ватани азизамон, ки ном ӯро Тоҷикистон аст, чун Рустами достон, ҷони, худро дар кафи даст гирифта, камари ҳиммату садоқат бастаанд.
Имрӯз дар назди миллати тоҷик, як масъулияти басо бузург ва ҳалталаб истодааст, ки ин ҳам бошад, наврасону ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва хештаншиносии миллӣ, садоқат ба Ватан, гиромидошти арзишҳои миллӣ, рӯ овардан ба дониш, нагаравидан ба гурӯҳҳои номатлуб, бурдани ҳаёти солим тарбия намудан аст.
Дар ин раванд бояд гуфт, ки имрӯз дар Тоҷикистон шарту шароитҳои хидмати ҳарбӣ дар қисму воҳидҳои низомӣ ва Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, нисбати солҳои гузашта ба маротиб беҳтару хубтар ба роҳ монда шудааст. Ҷавонон метавонанд аз тамоми тачхизотҳо аз наздик ва бо тарзи амалӣ шинос щуда, ҳунар, малака ва дониши худро сайқал диҳанд, инчунин баҳри ҳифзи марзу бум ва таъмини сулҳу суботи кишвари маҳбубамон омода бошанд.
Имрӯзҳо модари тоҷик, аз он дилпур аст, ки фарзандаш ҳангоми хизмат дар қисмҳои низомӣ зери ғамхории беназири давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу Ваҳдат, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Ҷавонони имрӯза низ инро ба хубӣ медонанд ва қисми зиёди онҳо барон адои хизмат, қарзи шаҳрвандии хеш ба сафҳои Қувваҳои мусалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ихтиёрӣ шомил мешаванд.
Имсол 23-юми февралро ҳамчун рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазоӣ сулҳу субот ва тинҷию оромии халқ ва бо тантана ҷашн мегирем. Мақсад аз ҷашн гирифтани Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Точикистон имрӯз бори дигар ба ҷавонон фаҳмонидани моҳияти ҳастии Артиши миллӣ ва саҳми он дар пойдории сулҳ ва амнияти кишвар, ҳисси ватандӯстии онҳоро бедор намудан ва дар рӯҳияи хештаншиносии миллӣ ба воя расонидани наели наврасу ҷавонон мебошад.
Саҳми Артиши миллӣ дар пойдории Истиқлолияти давлатӣ ва ба даст овардани Ваҳдати миллӣ беназир аст. Ин қувваи бузурги ҷавонмардони шуҷоъу далери ватан буд, ки дар тамоми вазъиятҳои вазнини таҳмилию сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Тоҷикистонро дар солҳои сипари шуда бо шуҷоатмандӣ ва ҳисси ватандӯстии худ, аз омилҳои барои як давлати ҷавон хафнок ҳифз намуданд.
Mo ба боварии том туфта метавонем, ки Артиши миллии мо, кафили сулҳу суботи мост,чунки мо бади ин гуфтаҳои худ, далелҳои раднашавандаро дорем.
Ба таври дигар ҳарчи айён аст, ҳоҷат ба байён нест. Агар қувваҳои мусаллаҳи давлат устувор ва ба боварии халқ содиқ набошад, онгоҳ ин давлат ба кашмакашиҳои дохилию хориҷӣ гирифтор мешавад, ки ин омил метавонад давлатро дар арсаи ҷаҳон тамоман нест кунад.
Аммо, Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон нерӯи ҷавонмардоне мебошад, ки борҳо аз сахтиҳо бо сарбаландӣ баромадааст. Ин ҷавонон аз таърихи талхи гузаштаи худ сабақ гирифтаанд ва ҳеҷ гоҳ ба ин саҳв бори дуюм рӯ нахоҳанд овард.
Ҳамаи ҷавонмардони халқи тоҷикро бо ин рӯзи фараҳу шодмонӣ, аз самими калб табрику муборакбод намуда, ба онҳо бахту саодат, иқболу обу ру ва дар корҳои минбаъдаатон бурдбориҳои нав ба нав тамано менамоям.
Бори дигар ёдрас менамоем, ки ба хидмати Модар-Ватан бояд доимо тайёр бошем, зеро ин яке аз вазифаҳои муқаддаси ҷавонон ба шумор меравад.
Пояндаву ҷовидон бод, Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистони азиз!