Сардори шуъбаи
робитаҳои хориҷӣ
Сафарзода Парвиз Маҳмадалӣ 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Душанбе, дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Таҳсили ибтидоии худро соли 2005 дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №52-и шаҳри Душанбе оғоз намуда, соли 2012 таҳсилро дар Литсейи «Роҳнамо» идома додааст. Соли 2015 ба МТМУ №71-и шаҳри Душанбе дохил шуда, онро соли 2016 бо баҳои хубу аъло хатм намудааст.
Дар давраи таҳсил дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ (солҳои 2014–2016) курси омӯзишии Маркази «Субҳи дониш»-ро бо равияҳои барномасозӣ, веб-дизайн ва маъмурияти система (системный администратор) бомуваффақият аз худ намуда, дониш ва малакаҳои ибтидоӣ дар самти технологияҳои иттилоотӣ ва кор бо системаҳои компютериро соҳиб гардидааст.
Соли 2015 ӯ ҳамроҳ бо гурӯҳи скаутӣ ба кишварҳои Туркия (шаҳри Истанбул), Кореяи Ҷанубӣ (шаҳри Сеул) ва Ҷопон (шаҳри Фукуока) сафар намуда, дар конференсияи байналмилалӣ иштирок кардааст. Соли 2018 ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон низ сафар анҷом додааст.
Соли 2016 тавассути Маркази миллии тестии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, факултети «Иқтисод ва идора», бо ихтисоси «Идоракунии бизнес» ба таври ройгон дохил шуда, соли 2020 онро бомуваффақият хатм намудааст.
Моҳи августи соли 2020 фаъолияти меҳнатии худро дар Маркази барқ ва гармидиҳии «Душанбе-2» ба ҳайси машинисти калони таҷҳизоти гармидиҳанда оғоз намудааст. Бо мақсади такмили донишҳои касбӣ моҳи сентябри соли 2020 ба шуъбаи магистратураи Донишгоҳи энергетикии шаҳри Бохтар бо ихтисоси «Иқтисод дар соҳаи энергетика» дохил шуда, соли 2022 онро бо баҳои хубу аъло хатм кардааст.
Моҳи августи соли 2022 бо ихтиссоси истгоҳи барқи ҳарорати факултети «Энергетикӣ»-и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимиро хатм намудааст.
Моҳи сентябри соли 2022 ҷиҳати машғул шудан ба фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ ба шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ ҳамчун докторанти PhD аз рӯйи ихтисоси 6D-071700 — «Энергетикаи ҳароратӣ» (кафедраи «Техника ва энергетикаи гармо») ба таври ройгон дохил гардидааст. Айни замон дар курси дуюми докторантураи PhD таҳсил менамояд.
Моҳи ноябри соли 2023 фаъолияти худро дар Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ ҳамчун мудири шуъбаи робитаҳои хориҷӣ фаъолият дорад.
Сафарзода П. М. ғолиби ҷойи якум дар озмуни ҷумҳуриявии «Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон» миёни донишҷӯён, магистрантон, докторантон (PhD) ва унвонҷӯён гардидааст, ки санаи 25 апрели соли 2025 бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шудааст.
Дар давраи фаъолияти меҳнатӣ ва илмии худ зиёда аз 6 мақолаи КОА, беш аз 30 мақолаи ҷумҳуриявию байналмилалӣ, 2 китоби дарсӣ ва 2 патент ба табъ расонидааст.
Оиладор буда, соҳиби ду фарзанд мебошад.
ЁДДОШТИ ТАФОҲУМИ
байни Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ ва Муассисаи вилоятии давлатии буҷавии таълимӣ-касбии “Коллеҷи политехникии Рязан”
Маъмурияти коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ дар самти ҳамкорӣ бо шарикони хориҷӣ фаъол мебошад. Ҳамкорӣ бо ташкилоту муассисаҳои хориҷӣ барои тақвият башидан ба такмили ихтисоси омӯзгорон, пурзӯр намудани ҳолати моддӣ-техникии муассисаи таълимӣ, сафарбар намудани донишҷӯён ба хориҷи кишвар, ҷалб намудани мутахассисони хориҷӣ ба раванди таълим, дарёфти маблағҳои грантӣ аз сарчашмаи хориҷӣ нигаронида шудааст.
Маъмурияти коллеҷи техникӣ дар самти такмили ихтисос ва тайёр намудани кадрҳо барои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Коллеҷи политехникии шаҳри Рязани Федератсияи Россия 19 октябри соли 2018 шартнома бастааст. Шартнома аз 4 банд ва 26 зербанд иборат аст. Мазмуни шартнома тайёр намудани кадрҳои баландихтисос барои иқтисодиёти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи стандарти давлатии таҳсилот, такмили ихтисоси омӯзгорон ва таҷрибаивазкунӣ мебошад. Тибқи шартнома таҳсил дар ду зина роҳандозӣ шуда, зинаи якум дар коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ, зинаи дуюм бошад дар коллеҷи политехникии шаҳри Рязан амалӣ мегардад. Иҷроиши нишондодҳои шартномаи мазкур фаъолона амалӣ карда мешавад.
Шартномаи ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии Братски Федератсияи Россия 08 апрели соли 2016 ба имзо расонида шудааст, ки аз 10 банд ва 6 зербанд иборат аст. Мутобиқи шартнома самтҳои асосии ҳамкорӣ: дар самти корҳои таълимӣ-методӣ, илмӣ, идомаи таҳсили донишҷӯён, такмили ихтисоси омӯзгорон мебошад. Иҷроиши нишондодҳои шартнома дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудааст.
Шартномаи ҳамкорӣ бо Донишгоҳи Деш Багати Ҷумҳурии Ҳиндустон бо коллеҷи техникӣ 16 феврали соли 2016 ба имзо расонида шудааст. Шартномаи мазкур аз 9 банд иборат буда, мазмуни он такмили ихтисоси омӯзгорон, ҷалби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳсил дар донишгоҳи дар боло зикргардида, такмил додани ҳолати моддӣ-техникии парки технологии коллеҷ мебошад.
Маъмурияти коллеҷ барои ташкил ва инкишоф додани фаъолияти Парки технологии коллеҷ бо як қатор ташкилотҳои бахши хусусии Ҷумҳурии Ҳиндустон, аз он ҷумла “Bridging Asia”, M/S SADR Global шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидааст. Ҷиҳати иҷроиши нишондодҳои шартнома бо иҷозати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони масъули коллеҷ солҳои 2018 ва 2019 ба Ҷумҳурии Ҳиндустон сафар намудаанд.
Маъмурияти коллеҷ барномаи дурнамои инкишоф таҳия намудааст. Тибқи ин барнома 2 лоиҳа ҷиҳати ҷалби грантҳои хориҷӣ ба сохторҳои марбута пешниҳод карда шудааст. Вале, то ҳол ягон лоиҳаи грантӣ бо маблағгузории хориҷӣ дар коллеҷ амал намекунад. Боиси қайд аст, ки маъмурияти коллеҷ бо ширкати М/С «САДР Глобал»-и Ҷумҳурии Ҳиндустон ҷиҳати дар назди Парки технологии коллеҷ истеҳсоли пойафзолро ба роҳ мондан бо иҷозати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (мактуби Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 05.11.2019 №01/1-896) ба маблағи 800 ҳазор доллари ИМА шартнома ба имзо расонидааст.
Маъмурияти коллеҷ ҷиҳати иҷроиши нишондодҳои шартномаи ҳамкорӣ бо коллеҷи политехникии шаҳри Рязани Федератсияи Россия 5 нафар донишҷӯён, Сафаралиев Комрон донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси 2-40010135, Зикриёзода Саломиддин донишҷӯёи курси 2 ихтисоси 2-44010132, Бекташева Фарахбону донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси 2-25013201, Шарипов Саодатшо донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси 2-40010133 ва Рахимов Исломуддин довталаби коллеҷро барои идомаи таҳсил ба шарики стратегии худ коллеҷи политехникии шаҳри Рязан сафрбар намудааст. Дар моҳи марти соли 2019 5 нафар корманди масъул ва омӯзгоронро барои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ ба коллеҷи политехникии шаҳри Рязани Федератсияи Россия сафарбар намудааст. Дар коллеҷи мазкур омӯзгорон курси такмили ихтисос гузашта соҳиби сертификат гардидаанд.
Маъмурияти коллеҷ ҷиҳати таҷрибаивазкунӣ ва такмил додани ҳамкорӣ дар моҳи октябри соли 2019 бо иҷозати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (мактуби Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 05.11.2019 №01/1-896) кормандони масъули коллеҷи политехникии шаҳри Рязани Федератсияи Россияро даъват намудааст. Кормандони масъул Свечникова Людмила Владимировна муовини директор оид ба таълим, Мацнев Владимир Владимирович муовини директор оид ба корҳои таълимию истеҳсолӣ ва Диянова Валентина Николаевна муовини директор оид ба тарбияи коллеҷи дар боло зикргардида аз 27 октябр то 01 ноябри соли 2019 дар муассисаи таълимӣ бо донишҷӯён вохӯрӣ гузаронидааст ва бо омӯзгорон семинар баргузор намудааст.