Саидшарипов Шаҳром
Зайнуддинович
ёвари директор

Саидшарипов Шаҳром Зайнуддинович 28 сентябри соли 1997 дар ноҳияи Нурободи Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Миллат — тоҷик.

Маълумоти олӣ дорад. Соли 2021 факултети иқтисод ва идоракунии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ-ро хатм намуда, соҳиби маълумоти олӣ гардидааст.

Фаъолияти меҳнатии худро дар соҳаи маориф аз моҳи октябри соли 2022 оғоз намуда, то ҳол дар вазифаи ассистенти кафедраи «Молия ва ҳисобдорӣ»-и Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М. Осимӣ» фаъолият менамояд.

Ҳоло бошад дар вазифаи ёвари директори Коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М. Осимӣ фаъолият намуда истодааст.