Одинаев Раҳмоналӣ Саидмухторович 14 майи соли 1991 дар ноҳияи Ҳамадонӣ таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик аст. Оиладор мебошад.

Таҳсилоти олӣ дорад. Соли 2009 Коллеҷи информатикаи шаҳри Душанберо хатм намудааст. Соли 2014 таҳсилро дар Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт идома дода, онро бомуваффақият ба анҷом расонд. Соли 2016 Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Томски Федератсияи Россияро хатм кардааст. Соли 2020 докторантураи аз рӯйи ихтисос (PhD)-и Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистонро ба итмом расонид. Ихтисосҳояш оператори компютер, математика-физика ва информатика мебошанд.

Фаъолияти меҳнатии худро аз моҳи январи соли 2012 оғоз намудааст. Аз 03.01.2012 то 01.10.2012 ба ҳайси котиби кафедраи математикаи олӣ дар Филиали Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ дар ноҳияи Рашт фаъолият кардааст. Солҳои 2012–2013 ҳамчун муаллими фанни информатика дар МТМУ №37 ноҳияи Рашт кор намудааст.

Солҳои 2013–2017 мутахассиси шуъбаи кадрҳо ва ҳамзамон омӯзгори курси технологияи компютерӣ дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт фаъолият бурдааст. Солҳои 2017–2020 ассистенти кафедраи технологияҳои иттилоотӣ ва барномасозии Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи техникии ДДТ ба номи академик М. Осимӣ» дар шаҳри Душанбе буд.

Солҳои 2020–2021 иҷрокунандаи вазифа ва ассистенти кафедраи технологияҳои иттилоотӣ ва амнияти иттилоотии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои 2021–2022 ассистенти ҳамин кафедра фаъолият намудааст. Солҳои 2022–2024 ба ҳайси муаллими калони кафедраи технологияҳои иттилоотӣ ва амнияти иттилоотии Академияи мазкур кор кардааст.

Солҳои 2024–2025 иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи технологияҳои иттилоотӣ ва барномасозии Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи техникии ДДТ ба номи академик М. Осимӣ» дар шаҳри Душанбе буд. Аз 26-уми августи соли 2025 то инҷониб дар вазифаи муовини директор оид ба таълими ҳамин муассисаи таълимӣ фаъолият менамояд.

Суроғаи истиқомат: шаҳри Душанбе, ноҳияи Исмоили Сомонӣ, кӯчаи С. Носир 33.