Санаи 09.12.2021 дар толори маҷлисгоҳи коллеҷи техникӣ бо иштироки намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Абдукарим М.А. конференсияи илмӣ-назариявӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бо коррупсия дар мавзӯи «Ришвахӯрӣ вабои асри 21» баргузор гардид.

Муовини директор оид ба тарбия Қиматби Э. меҳмонро ба донишҷӯён ва хонандагон муаррифӣ намуда, қайд намуд, ки раёсати ташкилӣ-тарбиявӣ тибқи нақша тасмим гирифтааст, ки як конференсияи илмӣ-назариявӣ  баргузор намояд ва мақсади баргузор намудани конференсияи мазкур ташкил ва дар амал ҷорӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо ин тариқ ба донишҷӯён пешниҳод намудани маълумотҳои бештар оид ба роҳ надодан ба корҳои коррупсионӣ мебошад.

 

Намояндаи Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ Абдукарим Маҷиди Асрориён ба сухан баромада, қайд намуд, ки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои хеш масъалаи мубориза бар зидди коррупсияро пайваста қайд менамояд. Ӯ иброз дошт, ки мубориза бар зидди ин амали номатлуб танҳо вазифаи кормандони ҳифзи ҳуқуқ набуда, тамоми мақомотҳо ва муассисаҳо бояд барои пешгирии амалҳои коррупсионӣ чораҳои зарурӣ андешанд. Бояд ҷавонони имрӯза ба амалҳои номатлуб даст назананд мақсад аз фаъолият ва ин стратегияи мазкур дар он аст, ки бояд мо пеши роҳи корҳои коррупсияро гирем.

 

Сипас, ассистенти кафедраи таърих ва ҳуқуқ Бекназарзода Мусулмон ба сухан баромада, дар мавзӯи “Коррупсия ва оқибатҳои номатлуби он барои давлату ҷомеа” маърӯза намуда, иброз дошт, ки коррупсия яке аз зуҳуротҳои номатлуби ҷомеа буда, дар танзими ҳифзи ҳуқуқҳои инсон, ҳимояи тартиботи ҷомеа, амнияти давлат таъсири бевоситаи худро мерасонад. Яке аз роҳҳои асосии муборизаи муваффақона бар зидди амалҳои коррупсионӣ ин фароҳам овардани санадҳои  меъёрӣ – ҳуқуқӣ ва мутобиқкунии ин санадҳо дар таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин соҳа мебошад.

Дар конференсия  Пешниҳоди Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе оид ба рафъи ҳолатҳое, ки ба содиркунии ҷиноят ва дигар қонуншиканиҳо мусоидат кардаанд ироа гардид.

Баъди анҷоми конференсия суҳбати озод баргузор гардид ва ба саволҳои пешниҳодшуда, посухҳои амиқу дақиқ дода шуд.