Санаи 15.03.2024 тибқи нақшаи кории раёсати коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ бо ташаббуси раёсати таълим ва бахши таҷрибаомӯзии коллеҷ бо иштироки кормандони идоракунии захираҳои меҳнатии ҶДММ “Кока – Кола Нушокиҳои Тоҷикистон” Каргасова Нурия ва Раҳмонова Рӯҳафзо бо хатмкунандагони коллеҷи техникӣ ҷиҳати ҷалби онҳо пас аз хатм ба ширкати мазкур вохӯрии судманд баргузор гардид.

Сараввал муовини директор оид ба таълим Асроров Зокирљон баромад намуда, љињати таъмин шудани хатмкунандагон ба љойи кор аз рўи ихтисос суханронї намуда, мењмононро муаррифї намуд. Дар раванди вохӯри аз тарафи намояндагони ҶДММ “Кока – Кола Нушокиҳои Тоҷикистон” оид ба самтҳои фаъолияти ширкати мазкур ба хатмкунандагони коллеҷи техникӣ иттилоот дода шуда, ҷиҳати бо ҷойи кор таъмин шудани хатмкунандагон аз рӯйи ихтисосашон дар вазифаҳои оператори хати автоматӣ, механик ва муҳандисон изҳори омодагӣ намуда, ба хоҳишмандон анкета тақсим карда шуд.

Хатмкунандагони коллеҷи техникӣ ва намояндагони ҶДММ “Кока – Кола Нушокиҳои Тоҷикистон” дар фарҷоми сӯҳбату вохӯрӣ ба раёсати коллеҷи техникӣ барои ташкил намудани чунин вохӯриҳо, ки барои ояндаи дурахшони ҷавонон аст, миннатдории самимии худро расониданд.