Муҳтарам меҳмонон, устодон ва донишҷӯёни азиз,  ман аз номи маъмурияти коллеҷи техникии  ДТТ ба номи академик М.Осимӣ ҳамаи Шумо ва дар симои шумо мардуми шарифи  Тоҷикистонро  бо фарорасии Наврӯзи байналмилалӣ – Соли нави анъанавии аҷдодӣ  табрику таҳният гуфта, ба Шумо хушбахтӣ, тансиҳатӣ, осмони софу дили беғамро орзӯмандам.

Наврӯз шуду лолаи хушранг баромад,

Булбул ба тамошои дафу чанг баомад.

Мурғони ҳаво чумла бикарданд парвоз,

Мурғи дили ман аз қафаси танг баромад.

Хушбахтона, бо ибтикор ва ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии давлатҳои ҳавзаи Наврӯз, Наврӯзи ориёӣ, соли 2010 аз ҷониби ЮНЕСКО ҳамчун ҷашни ҷаҳонӣ муаррифӣ ва қабул карда шуд ва бо пешниҳоди Пешвои фархундапайи миллат Рамзи ҷашни байналмилалии Наврӯз ва соли нави миллӣ тасдиқ гардид.

Маъмурияти коллеҷи техникӣ низ иқдомҳои наҷиби Пешвои миллат ва давлату ҳукуматро пайваста сармашқи кори хеш қарор дода, бахшида ба таҷлили ин ҷашни миллии миллати тоҷик корҳои ободкорӣ,  хуррамгардонӣ ва чорабиниҳои фарҳангию варзиширо тариқи озмун миёни сохторҳои муассиса ҳамасола дар арафаи ҷашни Наврӯз  баргузор менамояд.

Бо ифтихор гуфтаниям, ки муассисаи таълимии мо аз Наврӯз то Наврӯз дар тамоми самтҳои фаъолияташ ба дастовардҳои беназир ноил гардид. Сифатнокии дарсҳо, ташаббускории омӯзгорон, донишандӯзии донишҷӯён, таъминоти кадрию техникаи муосири таълим, баргузории чорабиниҳои тарбиявӣ ва ширкати намояндагони коллеҷ дар чорабиниҳои фарҳангию оммавӣ, озмунҳои фаннию корҳои эҷодӣ ба куллӣ беҳтар гардида, дар ҷумҳурӣ нуфузи хешро пайдо намудааст.

Наврӯз ҷашни фарорасии баҳори нозанин, зиндашавии табиат, оғози корҳои кишоварзӣ ва боғдорӣ  мебошад. Шоирони забардасте чун Рӯдакию Фирдавсӣ, Дақиқӣ оид ба ҷашни Наврӯз бо меҳру муҳаббат сухан гуфтаанд ва тасвири зебои баҳорро чунин ба қалам додаанд:

Наврӯзи наву соли наву кори нав омад,

Дар кишвари дил файзи фараҳбори нав омад.

Пӯшида ба тан пироҳани тоза табиат,

Булбул ба навои гулу гулзори нав омад.

Оре,  бо омад омади Наврӯз табиат ҷомаи сабзро ба бар карда, тамоми гулу гиёҳҳо аз хоби ноз бедор мешаванд, ки ба инсон болидагию сафо мебахшад. Бояд ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ шод аз он бошад, ки ҷойгоҳи шоистаи наврӯз дар ватани мо аз қадимулайём ҳамчун ҷашни миллӣ таҷлил мегардад.

Ҳамкорони гиромиқадр ва донишҷӯёни азиз! Бори дигар ҳамаи Шумоёнро бо ин ҷашни ниҳоят арҷманду фараҳбахш  Наврӯзи ҷаҳонӣ табрику таҳният гуфта, ба ҳар яки Шумо тамоми хушиҳои зиндагиро таманно дорам.

Бигузор қадами фархундапайи Наврӯз ба сарзамини тоҷикон сулҳу сафо, ободиву осоиштагӣ ва баракату барор  оварад.

Наврӯзатон фирӯз бод,

Ҳар рӯзатон Наврӯз бод.