rbt

Ҷиҳати қадршиносӣ, эҳтиром дар коллектив ва баланд бардоштани масъулиятшиносии омӯзгорону кормандон солҳост, ки дар коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ зодрӯзи омузгорону кормандон табрик карда мешавад.

Имрӯз раёсати коллеҷи техникӣ бо иштироки аъзои Шӯрои олимон муовини директор оид ба корҳои таълим Асроров Зокирҷон Мукарамовичро ба муносибати рӯзи мавлудаш табрику муборакбод намуданд. Ҳозирин ба ӯ аз даргоҳи Яздони пок тансиҳатӣ, умри дарозибобаракат, сари баланд, тани нерӯманд ва дар кору фаъолияташ комёбиҳои беназир таманно намуда, қайд намуданд, ки бигузор ҳамеша чун кӯҳҳои помир сарбаланд, чун Рӯдакӣ хушбаён, чун Саъдӣ дарозумр, чун Ҳофиз шӯҳратманд ва чун Ҷомӣ хоксор бошед! Ҳеҷ гоҳ Бахт ва Хизр кошонаи Шуморо тарк насозанд!

Зодрӯз муборак Асроров Зокирҷон Мукарамович!