Устодон, кормандон ва донишҷӯёни азиз!

Шуморо ба муносибати 1-уми сентябр – оғози соли таҳсили 2022-2023, Рӯзи Дониш муборакбод мегӯям.

Соли таҳсили нав таҷассумгари оғози марҳилаҳои нави омӯзиш ва таҳсил барои ҳар як нафар хотирмон аст. Махсусан ин рӯз барои донишҷӯёни курси аввал – он нафароне, ки бори аввал ба ин даргоҳи илму маърифат қадам мегузоранд, аҳамияти хос дорад. Аз ин рӯ, ба донишҷӯёни курси якум муроҷиат карда гуфтаниам, ки Шумо ҷавонони хушбахтед ва дар даврони истиқлол ба камол расида, бо ақлу заковати худ ба интихоби касби пуршарафи муҳандисӣ иқдом намудаед. Шумо боварӣ дошта бошед, ки барои пешрафти иқтисодиёти Тоҷикистони азиз ва зиндагонии ҳар яки мо касби интихобнамудаи Шумо ҳамчун қувваи пешбарандаи истеҳсолот доимо дар хизмат аст. Зеро Шумо ҳамчун нақлиётчӣ, энергетик, сохтмончӣ, барномасоз ва ғайраҳо як шохаи истеҳсолотро пеш хоҳед бурд.

Соли нави таҳсил барои мо соли махсус аст. Зеро баъд аз чанд рӯзи дигар мо 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил мекунем. Истиқлолият барои мо бузургтарин ҷашн мебошад, зеро дар масири Истиқлол дастовардҳои назаррас насиби мо гашт. Мо мебинем, ки дар солҳои Истиқлолият таваҷҷуҳи роҳбарияти Давлат ва Ҳукумати кишвар, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф бештар гашта, дар сиёсати давлатдории хеш маорифро аз бахшҳои муҳимтарин хондаанд.

Донишҷӯёни азиз бароятон, бурдбориҳо таманно намуда, роҳи омӯзиши фарох, бомақсад ва ояндадорро таманно дорам.
Устодони азизро таманнои саломатии бардавом, хонаободию саодатмандӣ менамоям. Бигзор дар ин роҳи мушкили таълиму тарбия, омодасозии кадрҳои ҷавобгӯйи талаботи бозори меҳнат кушоиш ва пешравиҳо насибатон бод.

Бори дигар оғози соли нави таҳсил муборак бошад.