Оид ба табодули донишҷӯён, такмили ихтисоси омӯзгорон, таъсис додани озмоишгоҳҳо, рушди парки технологӣ ва ҳамкориҳои судманд роҳбарияти муассисаи давлатии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Асрорзода Убайдулло Саттор ва роҳбарияти муасисаи давлатии коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ Холматов Рустам Буранович бо вазири маорифи вилояти Панҷоби Ҷумҳурии Ҳиндустон Ҳарҷот Синх Бенс вохӯрӣ ва мулоқоти судманд баргузор намуданд.