Омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни гиромӣ! Бо камоли самимият ҳамаи Шуморо ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуда, бурдборӣ, тансиҳатӣ, сулҳу субот, тинҷию оромӣ, осмони софу беғубор ва хушиҳои рӯзгорро таманно менамояд.

Ҷуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд  менамоянд, «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастоварди миллӣ буда, муқаддасоти миллӣ, андешаи давлатдории миллӣ, истифодаи васеи анъанаҳо ва осори таърихии миллиро эълон ва таъмин мекунад. Конститутсия нахустин Қонуни асосии давлати тозабунёд ва соҳибистиқлоли тоҷикон мебошад, ки пас аз таърихи беш аз ҳазорсола аз баӣн рафтани давлати Сомониён қабул гардид»

Боиси ифтихору сарбаландист, ки мардуми шарафманд, некирода ва сулҳхоҳи Ватани маҳбубамон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар фазоӣ хушҳолию ваҳдат, шукргузорӣ аз дастовардҳои даврони Истиқлолияти давлатӣ ҷашн мегиранд.

Хоҳони онем, ки ҳамеша дар Тоҷикистони азиз волоияти қонунҳо, хандаи кӯдакон, табассуми модарон ва боварии мардум ба ояндаи дурахшон танинандоз бошад.

Бо эҳтирому самимият,

Директор                                               Холматов Р.Б.