Санаи 10.12.2022 дар толори фарҳнгии коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ конференсияи илмӣ – назариявии ҷумҳуриявӣ, бахшида “Рӯзи молиячиён” ва солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” дар мавзуи “Молияи давлатӣ ва нақши он дар саноатикунонии кишвар” баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур намояндагони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе ва олимону донишмандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи байналмиллалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иштирок намуда маъруза намуданд.

Конференсияро муовини директор оид ба илм ва инноватсия Азимов Холиқназар оғоз бахшида, иштирокчиёнро ба муносибати “Рӯзи молиячиён” шодбош гуфт.

Дар рафти конференсия капитани Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, нозири Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримов Салоҳиддин Хуршедович ба сухан баромада, аз пешрафти соҳаи саноат дар даврони истиқлолияти давлатӣ ва имтиёзҳои гумрукӣ оиди пешрафти соҳаи саноат дар солҳои 2022-2026 маъруза намуд.

Сипас, сардори шуъбаи банақшагирии даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе Ҷалилов Толеъ Абдуҷабборович дар мавзуи “Таҳкими сиёсати андозӣ ва рушди он дар низоми давлатӣ” маърӯза намуда иттилоъ дод, ки дар амалигардонии соҳаи саноати мамлакат нақши андозҳо ва аҳамияти онҳо инчунин имтиёзҳои андозӣ, босазо мебошад, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Кодекси андоз як қатор имтиёзҳоро пешниҳод намудааст.

Дар идомаи кори конференсия муаллими калони кафедраи баҳисобгирии бухгалтерии ДМТ, н.и.и. Бухориев Сулаймон Муродович дар мавзуи “Ҳисоботи идоракунӣ заминаи иттилоотии қабули қарорҳои идоракунӣ дар корхонаҳои саноатӣ” маърӯза намуда, тибқи таҳлилҳои оморӣ ба ҳозирин иттилоъ дода шуд, ки нақши саноати мамлакат нисбат ба солҳои гузашта пас аз қабули ҳадафи чуруми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Саноатикунонии босуръати кишвар” назаррас буда, рушд намуда истодааст.

Сипас, сардори Раёсати илм ва инноватсияи ДБССТ, н.и.и., дотсент Бобоев Алимурод Меликмуродович дар мавзуи “Татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат – заминаи боэътимоди саноатикунонии босуръати мамлакат” маърӯза намуда, оиди беҳтаргардидани сатҳи зиндагонии аҳолии мамлакат, коҳиш ёфтани сатҳи бекорӣ ва равнақи буҷаи давлатӣ баромад намуд.

Дар охири конференсия миёни иштирокчиён ва баромадкунандагон саволу ҷавоб сурат гирифт, ки маърӯзачиён ба саволҳои пешниҳодгардида посуҳои дақиқ гардонида, руҳияи омузгорон ва донишҷуёнро баланд бардоштанд.