Тибқи Фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Саидзода Раҳим таҳти №478 аз 27.04.2023 олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўйи фанҳои табиатшиносию риёзӣ рӯзҳои 10 то 12 майи соли 2023 дар коллеҷи ғайридавлатии тиббии «Даво»-и шаҳри Бохтар баргузор гардид.

Боиси ифтихор аст, ки донишҷӯйи курси 2-юми ихтисоси 2-790136 – техника ва таҷҳизоти тиббӣ (4-сола), факултети энергетика ва техникаи тиббии коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ Қодирӣ Абдуқодир Одина дар олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи фанҳои равияи табиатшиносию риёзӣ дар соли таҳсили 2022-2023 аз фанни математика иштирок намуда, (миёни донишҷӯёни 46 коллеҷҳои кишвар) сазовори ҷойи I-ум гардид. Инчунин донишҷӯйи курси 4-уми ихтисоси 2-40010133 – графикаи компютерӣ (4-сола), факултети технологияи иттилоотӣ Одинаев Билолиддин Саъдуллоевич аз фанни технологияи информатсионӣ дар олимпиадаи мазкур иштирок намуда, сазовори ҷойи ифтихорӣ гардид.

Тибқи фармоиши директори коллеҷи техникӣ муҳтарам Холматиён Рустам ба Қодирӣ Абдуқодир Одина ҷиҳати созовори ҷойи 1-ум гардидан, миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ аз фанни математика ифтихорнома ва ҳавасмандиҳои молиявӣ, ба Одинаев Билолиддин Саъдуллоевич барои иштироки фаъолона ва сазовори ҷойи ифтихорӣ гардидан бо сипоснома ва ба омӯзгори кафедраи метаматика ва информатика Қурбонова Тупахон барои омода намудани донишҷӯён дар Олимпиадаи мазкур бо ифтихорнома ва ҳавасмандиҳои молиявӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Ифтихорномаю сипосномаҳо ва ҳавасмандиҳои молиявӣ ба ғолибони Олимпиада бо иштироки роҳбарияти муассиса ва Раиси Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур Каримзода Нилуфар бахшида ба “Рӯзи ҷавонон”, ки санаи 19.05.2023 дар толори фарҳангии коллеҷ таҳти унвони “Ҷавонон нерӯи созандаи миллат” баргузор гардид, тақдим карда шуд.