Санаи 5 – уми декабри соли равон дар толори фарҳангии колеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ тибқи нақша-чорабиниҳои раёсати коллеҷ дар пояи кафедраи молия ва ҳисобдории факултети муҳандисию иқтисодии коллеҷи техникӣ, конференсияи илмӣ – амалии байналмилалӣ дар мавзӯи «Молия ва нақши он дар амалигардонии хадафи чоруми стратегӣ: “Саноатикунонии босуръати кишвар» баргузор гардид.

Дар конференсияи мазкур раёсати коллеҷ, омӯзгорону кормандон ва донишҷӯён иштирок варзида, меҳмононон: Қурбонов Абдулҳай – д.и.и., профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон; Қаюмов Сайфиддин – н.и.и., дотсенти кафедраи андоз ва андозбандии ДМТ; Маҳкамов Баҳодур – н.и.и., дотсент, корманди Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ; Пирова Ситора – директори генералии ҶДДМ Геозамин-1 инчунин ба тариқи маҷозӣ (онлайн) Степанец Марина Александровна ва Романенко Татьяна Сергеевна – дотсентони муассисаи давлатии таълимии вилояти Ростови Федератсияи Россия “Коллеҷи сохтмони Дон”; Захарова Ирина Генриковна – роҳбари бахши молиявии техникуми технологияи соҳавӣ – молиявӣ ва ҳуқуқи шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия иштирок ва баромад намуданд.

Конференсия бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид. Тибқи сенарияи баргузории конференсия муовини директор оид ба илм ва инноватсия Азимов Холиқназар меҳмононро муаррифӣ намуда, барои ифтитоҳи конференсия сухан ба муовини директор оид ба таълим – Асроров Зокирҷон Мукарамович дода шуд.

Сипас, муовини директор оид ба таълим Асроров Зокирҷон Мукарамович ба сухан баромада, меҳмонон ва иштирокчиёнро ба муносибати “Рӯзи молиячиён” шодбош гуфта, ба кори конференсия ҳусни оғоз бахшида қайд кард, ки молия дар пешрафт ва рушди соҳаҳои гуногуни мамлакат нақши муҳим мебозад. Истифодаи дурусти манбаъҳои молиявӣ натиҷаи кордонии кормандони соҳаи молияву бонкдорӣ ба ҳисоб меравад. Ҳамасола буҷети давлатӣ дар доираи нишондиҳандаҳо, ҳадаф ва афзалиятҳои асосӣ, стратегия, барномаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди воқеии иқтисодиёти миллӣ ва Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 таҳия мегардад.

Қайд кардан ҷоиз аст, ки сиёсати иқтисодии давлат асосан бо ёрии фишангҳои молиявӣ-қарзӣ амалӣ карда мешавад. Рушди босубот ва бо суръати иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ аз татбиқи оқилонаи сиёсати пулию қарзӣ сахт вобаста буда, яке аз заминаҳои асосии дуруст ва самарабахш амалӣ намудани ин сиёсат, мавҷудияти муттахасисони варзидаву ботаҷриба ба шумор мравад. Бинобар ин, бо мақсади амалӣ гардидани стратегияҳои миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва самаранок истифодабарии маблағҳои молиявӣ дар инкишофи соҳаи саноат гузаронидани чунин конференсияҳо, ки хусусияти байналмилалиро доро мебошанд ва манфиатҳои ояндаи мамлакатро дарбар мегирад, аҳамияти калон дорад.

Ҷиҳати идома бахшидан ба кори конференсия н.и.и., дотсенти кафедраи андоз ва андозбандии ДМТ – Қаюмов Сайфиддин ба сухан баромада дар мавзӯи “Нақши андоз аз даромади шахсони воқеӣ дар қисмати даромадҳои буҷети давлатӣ” баромад карда, иброз дошт, ки дар давоми 5 соли охир ҳаҷми умумии даромадҳои андозӣ аз 14565млн. сомонӣ ба 21814 млн. сомони расидааст, ки он ба андозаи 7249 млн сомонӣ зиёд шудаааст. Баробари афзоиши қисми даромади буҷет даромад аз ҳисоби андоз аз даромади шахсони воқеӣ низ зиёд гардидааст. Боиси қайд аст, ки аз соли 2018 то соли 2022 даромад аз ҳисоби андоз аз даромад 962 млн. сомонӣ афзоиш ёфтааст, ки қиёсан 54,04 % зиёдшавӣ ба назар мерасад.

Сипас, Романенко Татьяна Сергеевна дотсенти муассисаи давлатии таълимии вилояти Ростови Федератсияи Россия “Коллеҷи сохтмони Дон” тариқи онлайни (маҷозӣ) ба кори конференсия ҳамроҳ гардида, дар мавзӯи «Роль финансовой политики государства в обеспечении роста промышленного потенциала страны» инчунин тариқи маҷозӣ Степанец Марина Александровна – дотсенти муассисаи давлатии таълимии вилояти Ростови Федератсияи Россия “Коллеҷи сохтмони Дон” дар мавзӯи “Финансовая система России: структура и особенности” ва Захарова Ирина Генриковна – роҳбари бахши молиявии техникуми технологияи соҳавӣ -молиявӣ ва ҳуқуқи шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия баромад ва маърӯза намуданд. Аз ҷониби иштирокчиёни конференсия ба баромадкунандагон дар доираи маърузаҳояшон саволҳо дода шуда, ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.

Ғайр аз ин, дар кори конференсия н.и.и., дотсент Махкамов Баҳодур Бурҳонович – корманди Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ дар мавзуи “Ускорения индустрализасия – четвёртого стратегический цель Республики Таджикистан” баромад намуда қайд намуд, ки барои баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон талош карда истодааст, аз мамлакати аграрию саноатӣ ба саноатию аграрӣ гузарад. Маҳкамов Б.Б. дар асоси таҳлилҳои оморӣ маълумотҳои саҳеҳу дақиқро ба иштирокчиён пешниҳод намуд.

Дар идомаи кори конференсия доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон – Қурбонов Абдулҳай баромад намуда, қайд намуд, ки мавзӯи баррасишаванда актуалӣ буда, баланд бардоштани дониши молиявии донишҷӯён, магистрантон, унвонҷўён докторантон, соҳибкорону саноатчиён зарур мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди соҳаи саноат гомҳои устувор бардошта, дар амалигардонии ҳадафи чоруми стратегӣ – Саноатикунонии босуръати мамлакат зина ба зина рушд карда истодааст.

Дар асоси сенарияи баргузории конференсия қисмати пленарии он бо баромади олимони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия ҷамъбаст гардида, қисмати дигари он дар бахшҳо аз он ҷумла бахши иқтисодӣ, техникӣ, табиию риёзӣ ва гуманитарӣ идома ёфт.

Дар охири конференсия миёни иштирокчиён ва баромадкунандагон саволу ҷавоб сурат гирифт, ки маърӯзачиён ба саволҳои пешниҳодгардида посуҳои дақиқ гардонида, руҳияи омузгорон ва донишҷуёнро баланд бардоштанд. Қайд карда шуд, ки хуб мешуд чунин чорабиниҳои илмии сатҳи байналмилалӣ бо иштироки олимони ватанию хориҷӣ дар мавзӯъҳои гуногуни иқтисодию техникӣ пайваста ба роҳ монда шавад.

Бахши матбуот