Рӯзи 19.02.2024 тибқи нақша-чорабиниҳои раёсат, кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва ҳуқуқ дар якҷоягӣ бо факултети муҳандисию иқтисодии коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ чорабинии илмӣ – фарҳангиро бахшида ба соли маърифати ҳуқуқӣ таҳти унвони «Нақши маърифати ҳуқуқӣ дар ҷомеаи шаҳрвандӣ» бо иштироки устодону донишҷӯён баргузор намуданд.

Муовини директор оид ба илм ва иноватсия Азимов Х.Ҳ. чорабиниро оғоз намуда, қайд намуд, ки бо фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2024 дар мамлакат бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардид. Мақсади асосӣ баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, дуруст ва пурра дарк намудани талаботи қонунгузорӣ, пешгирӣ намудани содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷиноятҳо дар байни аҳолӣ ба шумор меравад.

Сипас, маърузачиён дар мавзӯҳои гуногун баромад намуда аз Паёми соли ҷорӣ ва эълон гардидани соли 2024 соли маърифати ҳуқуқӣ ибрози ақида намуданд.

Асистенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва ҳуқуқ Шодмонов Хуршед дар мавзӯи “Паёми Пешвои Миллат Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон” баромад намуда, қайд намуд, ки дар Паёмҳои Пешвои миллат, ки ҳамасола ба Маҷлиси Олӣ бо иштироки васеи намояндагони корхонаҳо, муассисаҳо ва созмону ташкилотҳои ҷамъиятӣ ироа мегардад, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат муайян карда мешаванд. Паёми Пешвои миллат роҳнамои рушди устувори кишвар ба ҳисоб рафта, амалӣ намудани нуқтаҳои асосии он метавонад, барои баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар, таъмини сулҳу субот дар ҷомеа ва боло рафтани нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мусоидат намояд. Дар суханрониашон Пешвои муаззами миллат қайд намуданд, ки “Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар Паёми имсолаи худ Пешвои миллат бори дигар ёдовар аз он шуданд, ки баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ аз зумраи ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар ин самт дар даврони соҳибистиқлолӣ корҳои назаррас ба анҷом расонида шуддаст. Инчунин, Пешвои миллат зимни баромад ба соҳаи маориф низ диққати хоса зоҳир намуданд. Таъкид карда шуд, ки бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди нерӯи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватанмебошад. Мактабҳои олии мамлакатро зарур аст, тамоми шароитҳоро дар таълиму тарбияи донишҷӯён фароҳам оранд ва кӯшиш ба харҷ диҳанд, ки мутахассисони баландихтисосро омода намоянд, ки донандаи на кам аз 2 забонҳои хориҷӣ бошанд.

Таъкид гардид, ки забонҳои англисӣ ва русӣ аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид дар шумори 6 забонҳои байналмиллалӣ эътироф гардидааст. Аз ин лиҳоз, зарур аст, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, миёнаи касбӣ ва олӣ таълими ин забонҳо ба таври муосир ва дастрас ба роҳ монда шавад. Яке аз ҷиҳатҳое, ки дар Паём баён гардид ин рушди илму маориф ва беҳтар намудани шароит барои толибилмон, омӯзгорон, нависандагон, шоирон, олимон ва аҳли зиё мебошад.

Ҳамаи мо хуб медонем, ки сардори давлатамон дар сиёсати худ пеш аз ҳама маорифро гузоштаанд ва дар Паёми навбатӣ қайд карданд, ки: “Бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди нерӯи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад”.

Сипас, асистенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва ҳуқуқ Рауфзода Комронҷон дар мавзӯи “Роҳҳои рушд ва ташакули маърифати ҳуқуқӣ дар ҷомеаи шаҳрвандӣ ” баромад намуда, қайд намуд, ки санаи 28-уми декабри соли 2023 Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, ки дар вазифаҳои мақомотҳои давлатӣ дар соли 2024, беҳтаркунонии сатҳи зиндагӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии халқ зикр гардид. Пешниҳоди дахлдор дар соли ҷори зимни ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур гардонида шуд. Дастур дода шуд, ки тамоми сохтори мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд ҳамаи захираю имкониятҳоро ҷиҳати таъмини тартибот ва волоияти қонун барои соли 2024, ки 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад, сафарбар намоянд. Иброз гардид, ки амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсяи имкон дод пояҳои устувори ҷомеа ва давлат созмон ёбанд, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ таҳким бахшида шаванд, рушди устувори иқтисодӣ таъмин гардад, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона муҳайё сохта шавад. Мо дар баробари қабули Конститутсияи миллии хеш эълон намудем, ки ҳадафи олии мо ин бунёди ҷомеаи адолатпарвар, ҳуқуқбунёду демократӣ, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ мебошад. Бинобар ин ҳар яки моро зарур аст, ки фарҳанги ҳуқуқии хешро сайқал дода, даст ба қоидаву қонуншиканиҳо назанем, зеро рушди давлатдории ҳар як миллату давлат, бахусус рушди соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва сиёсии кишвар ин аз низоми устувории ҳуқуқии кишвар ва маърифати баланди шаҳрвандони он вобастагӣ дорад. Яке аз ҳадафҳои асосии паёми мазкур ин баланд бардоштани сатҳи зиндагонии мардуми кишвар ва дар ин замина кам намудани сатҳи камбизоатӣ дар кишвар мебошад. Вобаста ба ин Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор карда шуд, ки барномаи давлатиро ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум андешида, чораҳои заруриро вобаста ба некуаҳволии мардум андешад. Таъмини шароити арзандаи зиндагӣ ва бунёди ҷомеаи адолатпарвар ин ҳадафи олии давлат мебошад, ки меҳвари асосии паёми Президанти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медод. Ҳар яки моро зарур меояд, ки фаъолияти кории худро дар заминаи Паёми пешвои миллат ба роҳ монда, ҳар як банд ва дастуру супоришҳои онро сармашқи кории худ қарор диҳем ва дар амалигардонии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар нақшгузор бошем.

Дар баробари ин саҳначаи тарбиявӣ ва саволу ҷавоб миёни донишҷӯён баргузор гардид, ки чусту чолокӣ ва ҳозирҷавобии онҳо мушоҳида карда шуд. Дар охир суруд дар васфи Ватан шунида шуда ба чорабини ҳусни анҷом бахшида шуд.