Ҳамаи шумо, устодони азиз, донишҷӯёни гиромиқадр ва дар симои шумо аҳли ҷомеа, падарону модарон, шаҳрвандони шаҳри зебои Душанберо ба ифтихори 30 – юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона муборакбод мегӯям.

Санаи 9-уми сентябр дар таъриху тамаддуни муосири сарзамини кӯҳанбунёдамон бо хатҳои заррин ҳамчун рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон навишта шуда, ҳар як фарди ватани азизамон ин дастоварди бузургу муқаддасро бо ҳисси ифтихори миллӣ ва шукӯҳу шаҳомати хоса дар фазои сулҳу оромӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ арҷгузорӣ ва истиқбол менамояд.

Дар воқеъ, барои ҳар миллат истиқлолияту озодии ватан бузургтарин сарват ва нодиртарин неъмат буда, арзиши он бебаҳост. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истиқлолиятро бузургтарин ва муқаддастарин дастоварди миллати тоҷик номида, моро пайваста барои чун гавҳараки чашм ҳифзу нигоҳдории он роҳнамоӣ менамоянд.

Имрӯзҳо мо дар арафаи таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. 30 сол муқаддам мардуми мо ба бунёди давлату давлатдорӣ ва эҳёи суннату арзишҳои миллии хеш сазовор гардида, давлати тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон шинохта шуд.

Ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ, воқеан, як рӯйдоди муҳими таърихӣ буда, барои мо, мардуми тоҷик, ҳисси баланди ифтихор аз ватану ватандорӣ мебошад. Рушди тамоми соҳаҳо, аз ҷумла, илму дониш дар давоми 30 – соли истиқлолият хеле назаррас ва боиси ифтихори мост.

Бори дигар ҳамагонро ба ифтихори ин ҷашни миллӣ – истиқлолияту озодии Ватани азизамон табрик гуфта, тансиҳативу хотири ҷамъ ва саодати рӯзгорро баҳратон хоҳонам.

Ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад!