Аз санаи 05.12.2023 то 12.12.2023 байни кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ҳудуди ноҳияи Шоҳмансур барои дарёфти “Ҷоми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур”, ки дар доираи баргузории чорабиниҳои ҷашнӣ ба ифтихори таҷлили 29-юмин солгарди “Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” мусобиқаи варзишӣ оид ба намуди волейбол баргузор гардид.

Санаи 12.12.2023 дар толори варзишии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №65-и ноҳияи Шоҳмансур бо иштироки мудири шуъбаи ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе – Ҳомидзода Насим, мудири шуъбаи ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур – Ҳусейнов Далер, аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва намояндагон аз кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ҳудуди ноҳияи Шоҳмансур ба ғолибон ҷоизаҳо супорида шуд.

Боиси ифтихору сарфарозист, ки дар мусобиқаи варзишии мазкур дастаи волейболбозони ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Навовари ҷавон”-и Коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ сазовори ҷойи аввал гардида, бо ҷом, медал, диплом ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур қадрдонӣ карда шуданд.

Бахши матбуот