Санаи 22.04.2021 дар толори фарҳангии коллеҷ тибқи нақша-чорабиниҳои раёсати ташкилӣ-тарбиявӣ ва бахши кор бо ҷавонон ҳамоиш оид ба масъалаҳои мубориза ва пешгирии бемориҳои сироятӣ ва инчунин рӯ наовардан ба расму оини бегона дар байни донишҷӯдухтарони коллеҷ, бо иштироки бахши кор бо занон ва оила дар ноҳияи Шоҳмансур, як қатор меҳмонон баргузор гардид.

 Содиқова Қурбонгул – мудири бахши кор бо ҷавонони коллеҷи техникӣ меҳмонониро муаррифӣ намуда, риштаи суханро ба муовини директор оид ба таълим Қиматби Эльназар дод. Қиматби Эльназар зимни баромад қайд намуд, ки бемориҳои сироятӣ аз давраҳои ниҳонӣ, оѓоз, зуҳуроти асосӣ, сабукӣ ва шифо иборат аст.

Дар давраи зуҳури асосии беморӣ ҳам аломатҳои барои бемориҳои сироятии умумӣ пайдо мешаванд. СПИД-ин зинаи охирини ВИЧ мебошад. Беморӣ, ки ҳамчун аломати норасоии масъунияти бадан муайян карда мешавад, аз аввали солҳои 80-и асри 20 маълум аст. Имрӯзҳо тибқи маълумоти Барномаи Муттаҳидаи СММ оид ба мубориза алайҳи СПИД ҳар рӯз дар ҷаҳон 16 ҳазор нафар аз вируси норасоии масъунияти бадан сироят меёбанд, ки тақрибан 50%-ро ҷавонони синнашон аз 14 то 20 сола ташкил медиҳанд.

Сипас Қурбонова Руқия Атоевна- раиси Шурои собиқадорон дар ҲХДТ баромад намуда қайд намуд, ки аз моҳи декабри соли 2019 бемории номбурда саросари ҷаҳонро пурра фаро гирифтааст, ки ин бемории хатарнок буда, ба саломатии инсон зарари ҷиддӣ расонида, то ҳатто инсонро ба варақаи халокат оварда мерасонад. Инак, дар Иҷлосияи 16-ум Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳкими ҳокимияти давлатӣ, ташаккули истиқлолияти миллӣ таъйин намудани самти ҷараёни инкишофи ҷомеа дар солҳои баъдӣ ва пайгирӣ намудан аз принсипҳои талаботи бунёди ҷомеаи демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёду ягона асос ва заминаи воқеӣ ба вуҷуд овард. Баробари истиқлолият Худованд ба халқи мо роҳбареро насиб гардонид, ки бо кирдору амалҳо некаш тавонист мардуми парешонро муттаҳид, дар кишвар сулҳу ваҳдатро пойдор ва ба ҷанги бемантиқ хотима дод. Дар натиҷаи талошҳои Пешвои миллатамон дар тӯли солҳои гузашта тамои рукнҳои давлатдорӣ барқарор шуда, сулҳ ва ваҳдати комили миллӣ пойдор, рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ таъмин, худшиносиву худогоҳӣ таҳким, ҳисси ватандӯстии тамоми табақаҳои ҷомеа афзуд. Ба ҳамаи дастовардҳои беназир мо тавассути роҳбарии оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, хиради халқи сулҳпарвар, меҳнатдӯсту соҳибмаърифатамон ноил шудем.

Сипас, сухани навбатӣ ба Буриева Манзура мудири бахши кор бо занон ва оила дар ноҳияи Шоҳмансур дода шуд. Буриева М. дар баромад намуда қайд кард, ки бояд ҳар яки мо ба қадри ин дастовардҳои даврони Истиқлолият расем. Оид ба сару либос ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» байни донишҷӯдухтарон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронид. Мақсади асоси ин қонуни мазкур дар руҳияи инсондустӣ, ифтихорӣ ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои милли, умумибашари ва фарҳангӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои фарзанд мебошад.

Қонуни мазкур масъулияти падару модар ва шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд (минбаъд — падару модар), дар таълиму тарбияи фарзанд танзим менамояд. Вазифаи падару модар, омӯзгор, давлат ва ҷомеа дар таълиму тарбияи фарзанд.

1.Таълиму тарбияи фарзанд вазифаи падару модар, омузгор, давлат ва ҷомеа мебошад.

2.Вазифаи падару модар фарохам овардани шароити модди, молияви, маънави ва равони дар таълиму тарбияи дурусти фарзанд мебошад.

3.Давлат барои таълиму тарбия ва ҳифзи кудакони ятим ва маъюб ғамхори намуда, ба онҳо шароити мусоид фароҳам меорад.

Баробарии ҳуқуқ ва уҳдадориҳои падару модар. Падару модар, новобаста ба он ки якҷоя ё ҷудо зиндаги мекунанд, дар таълиму тарбияи фарзанд ҳуқуқ ва уҳдадориҳои баробар доранд, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Қонуни мазкур бо тақозои рушди ҷомеа анъана ва ҷашну маросимҳоро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию  иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст.

Мақсади Қонуни мазкур аз ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон, мусоидат барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ, ки ба манфиатҳои иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамоянд, иборат аст. Қонун ҳамчунин барои таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва тартиботи ҷамъиятӣ равона карда шудааст. Вазифаи Қонуни мазкур танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар асоси дастовардҳои фарҳанги миллӣ ва тамаддуни ҷаҳонӣ мебошад.

Амали Қонуни мазкур ба мақомоти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳо, сарфи назар аз тобеияти идоравӣ ва шакли моликият, ҳамчунин ҳамаи шахсони воқеӣ, новобаста ба вазъи иҷтимоӣ ва мансубияти миллиашон, сурат мегирад.

Раёсати ташкилӣ-тарбиявӣ