Дар марҳалаи кунунии рушди тамаддуни башарӣ давлатҳое муваффақ ҳисобида мешаванд, ки тавони пешбинӣ, банақшагирии стратегӣ ва ташаккули диди дарозмуддатро доро мебошанд. Пами навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии фарогир арзёбӣ мешавад, ки дар он роҳи тайкардаи давлат дар масири соҳибистиқлолӣ, вазъи имрӯз ва дурнамои ояндаи кишвар бо диди амиқ ва масъулиятшиносӣ таҳлил шудааст.
Паём дар баробари ҳисоботи фаъолияти солонаи давлат будан, ҷамъбасти таҷрибаи давлатдории навини тоҷикон ва пешниҳоди модели рушди миллӣ дар асри XXI мебошад. Дар шароите, ки ҷаҳон бо буҳронҳои иқтисодӣ, низоъҳои геосиёсӣ, тағйирёбии иқлим, таҳдидҳои амниятӣ ва рақобати шадиди технологӣ рӯ ба рӯ аст, Тоҷикистон сиёсати субот, ҳамгироии байналмилалӣ ва рушди устуворро ҳамчун самти асосии фаъолияти худ интихоб намудааст.
Дар ин суханронӣ бо далелҳои мушаххас нишон дода шуд, ки кишвар тавонист солҳои охир нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодиро ба таври устувор нигоҳ дорад. Афзоиши маҷмуи маҳсулоти дохилӣ, болоравии даромади пулии аҳолӣ, беҳтар гардидани нишондиҳандаҳои иҷтимоӣ ва коҳиши сатҳи камбизоатӣ натиҷаи сиёсати созандаи давлат мебошанд. Ин дастовардҳо дар шароите ба даст омаданд, ки иқтисоди ҷаҳонӣ бо ноустувории шадид рӯ ба рӯ мебошад.
Яке аз мавзуъҳои меҳварии Паём масъалаи рушди иқтисоди миллӣ тавассути саноатикунонии босуръат аст. Пешвои миллат саноатро ҳамчун муҳаррики асосии рушди иқтисодӣ ва кафили истиқлолияти воқеии давлат арзёбӣ намуданд. Бунёди ҳазорҳо корхонаҳои саноатӣ, зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсолот, диверсификатсияи соҳаҳои иқтисодӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ имкон дод, ки Тоҷикистон тадриҷан аз кишвари истеъмолӣ ба кишвари истеҳсолкунанда табдил ёбад. Ин раванд аҳаммияти иқтисоди иҷтимоӣ дорад, зеро он ба афзоиши шуғлнокии аҳолӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва устувории иҷтимоӣ мусоидат мекунад.
Дар Паём рушди соҳаи энергетика ҳамчун пояи амнияти миллӣ ва рушди дарозмуддат мавқеи марказӣ дошт. Тоҷикистон, ки дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ мебошад, сиёсати худро ба истифодаи оқилона ва устувори ин сарватҳо равона кардааст. Бунёд ва таҷдиди неругоҳҳои барқи обӣ, татбиқи лоиҳаҳои бузурги энергетикӣ ва рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия кишварро ба яке аз тавлидгарони муҳими энергетикии минтақа табдил медиҳад. Пешвои миллат таъкид намуданд, ки истиқлолияти энергетикӣ кафили рушди иқтисодӣ ва омили муҳими амнияти миллӣ мебошад.
Ҷанбаи дигар таваҷҷуҳи амиқ ба масъалаи рақамикунонии иқтисод ва идоракунии давлатӣ мебошад. Ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ, истифодаи зеҳни сунъӣ ва низомҳои муосири иттилоотӣ ҳамчун шарти ҳатмии рақобатпазирии кишвар дар ҷаҳони муосир арзёбӣ мешавад. Таҷрибаи татбиқи низоми биллингӣ дар соҳаи энергетика нишон дод, ки истифодаи технология метавонад сатҳи шаффофиятро боло бурда, талафот, фасод ва таъсири омили инсониро ба таври назаррас коҳиш диҳад. Ин таҷриба метавонад барои дигар соҳаҳои иқтисод ва идоракунӣ намунаи ибрат бошад.
Дар баробари иқтисод ва технология, дар паём ба самтҳои ҳифзи муҳити зист ва мубориза бо тағйирёбии иқлим аҳаммияти аввалиндараҷа дода шуд. Тоҷикистон ҳамчун кишвари кӯҳӣ, ки сарчашмаи асосии захираҳои оби минтақа мебошад, масъулияти бузурги байналмилалиро бар дӯш дорад. Пешниҳод ва қабули қатъномаҳои байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо, криосфера ва захираҳои об нишон медиҳад, ки Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти глобалии башарият саҳми фаъол дорад. Ин ташаббусҳо мавқеи кишварро дар арсаи байналмилалӣ тақвият бахшида, Тоҷикистонро ҳамчун давлати ташаббускор муаррифӣ мекунанд.
Дар Паём рушди илму маориф ҳамчун омили калидии ояндаи давлат ба таври муфассал баррасӣ шуд. Пешвои миллат таъкид намуданд, ки бе насли босавод, донишманд ва соҳибкасб ҳама гуна рушди устувор имконнопазир аст. Афзоиши маблағгузории соҳа, такмили низоми таҳсил, гузариш ба стандартҳои байналмилалӣ, таваллуҳ ба рушди фанҳои дақиқ ва табиатшиносӣ ва омодасозии кадрҳои баландихтисос Тоҷикистонро ба сӯи ҷомеаи донишбунёд роҳнамоӣ мекунад. Дар ин раванд худшиносии миллӣ, ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ ва таърихи миллӣ ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири тарбияи насли наврас таъкид мегардад.
Ҷанбаҳои иҷтимоии паём низ аҳаммияти махсус доранд. Баланд бардоштани музди меҳнат, нафақа, стипендия ва дастгирии гуруҳҳои осебпазир нишон медиҳад, ки сиёсати давлат ба ҳифзи шаҳрвандон ва вазъи зиндагии онҳо нигаронида шудааст. Давлат рушди иқтисодиро ҳамчун василае барои беҳтар намудани зиндагии мардум арзёбӣ мекунад. Ин равиш ба таҳкими эътимоди шаҳрвандон ба давлат ва суботи иҷтимоӣ мусоидат менамояд.
Нақши ҷавонон ва занон дар Паём ҳамчун неруи асосии пешбарандаи ҷомеа таъкид шуд. Ҷавонон ҳамчун идомадиҳандагони роҳи давлатдории миллӣ ва занон ҳамчун сутуни оила ва ҷомеа дар маркази таваҷҷуҳи сиёсати иҷтимоии давлат қарор доранд.
Хулоса, Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ ҳуҷҷати фарогир ва сарнавиштсоз аст, ки ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеаро дар бар мегирад. Ин суханронӣ ҷомеаро ба ваҳдат, худогоҳӣ, масъулиятшиносӣ ва меҳнати созанда даъват намуда, нишон медиҳад, ки танҳо бо иттиҳод, дониш ва сиёсати дурандешона метавон ба ҳадафҳои бузурги миллӣ ноил гардид. Тоҷикистон дар ин паём ҳамчун давлати дорои диди равшан, сиёсати устувор ва ояндаи умедбахш муаррифӣ мешавад, ки қодир аст дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир роҳи рушди худро мустақилона ва боэътимод идома диҳад.