Рӯзҳои 27.11.2025 ва 28.11.2025 дар доираи ҳамкориҳои байналмилалӣ, ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯёни Коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М. Осимӣ дар онлайн-омӯзиш таҳти унвони «Технологияҳои фотограмметрӣ бо истифода аз воситаҳои бесарнишин (дронҳо)» иштирок намуданд. Тренинги мазкур аз ҷониби коллеҷи касби – техникии идоракунии сохтмонии Тянцзинии Ҷумҳурии халқии Чин (天津城市建设管理职业技术学院) ташкил гардида, ба рушди малакаҳои касбӣ, баланд бардоштани сатҳи донишҳои назариявию амалӣ ва шиносоӣ бо технологияҳои муосири таҳлили фазоӣ равона шуда буд.
Дар ҷараёни омӯзиш иштирокчиён бо принсипҳои аэрофотосъёмка, тарзҳои ҷамъоварӣ ва коркарди маълумоти геодезӣ тавассути дронҳо, усулҳои сохтани моделҳои рақамии маҳал (DEM, DSM), таҳияи ортофотопланҳо, инчунин имкониятҳои васеи истифодаи технологияи фотограмметрӣ дар соҳаҳои сохтмон, муҳандисӣ, геодезия ва банақшагирии шаҳрӣ шинос гардиданд.
Омӯзгорон ва донишҷӯёни коллеҷ бо шавқу рағбати баланд дар муҳокимаҳо ширкат варзида, аз таҷрибаи мутахассисони чинӣ донишу малакаҳои муҳими касбӣ ба даст оварданд.
Баргузории чунин тренингҳои байналмилалӣ барои муассисаи мо аҳамияти хос дошта, ба таҳкими робитаҳои хориҷӣ, ғанигардонии ҷараёни таълим бо технологияҳои нав ва ташаккули ҷаҳонбинии муосири касбӣ миёни донишҷӯён ва омӯзгорон мусоидат менамояд.
Коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М. Осимӣ минбаъд низ омода аст, ки дар чунин барномаҳои инноватсионӣ фаъолона иштирок намояд ва ҳамкориҳои судманд бо муассисаҳои таълимии хориҷиро густариш диҳад.