Маснавии маънавии Мавлавӣ,
Ҳаст Қуръон дар забони паҳлавӣ.
Бо мақсади арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанг ва тамаддуни халқи тоҷик, баланд бардоштани ҳисси зебоипарастӣ, худогоҳии миллӣ ва эҳсоси ватандӯстию меҳанпарастӣ, ҳисси эҳтиром нисбат ба бузургони миллат бахшида ба Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ аз тарафи омӯзгорони кафедраи забонҳо дар коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ ба ифтихори бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммади Балхӣ “Маҳфили Мавлавихонӣ” баргузор карда шуд. Дар ин маҳфил донишҷӯён ва омӯзгорони коллеҷ фаъолона иштирок намуда, бо қироати осори Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ рӯҳияи ҳозиринро болида намуданд.