СУМАНАК
Суманак – ҷони ҷаҳоне бошӣ,,
Суманак – оби равоне бошӣ.
Зи баҳорони хушу покиза,
Суманак – муждарасоне бошӣ.
Суманак – авҷу барори тарабӣ,
Суманак – бӯи баҳори тарабӣ!
Домани чок наафтад дар ту,
Зарраи хок наафтад дар ту!
Суманак – поку латифӣ, з-ин рӯ,
Чашми нопок наафтад дар ту.
Суманак – авҷу барори тарабӣ,
Суманак – бӯи баҳори тарабӣ!
Чашм аз ғайр бубастан ҳавас аст,
Даври деги ту нишастан ҳавас аст,
Шаби бехобию гирди оташ,
Дил зи ҳар ғусса гусастан ҳавас аст.
Суманак – авҷу барори тарабӣ,
Суманак – бӯи баҳори тарабӣ!
Шаҳди имрӯз туӣ, ай суманак!
Фари Наврӯз тӯӣ, ай суманак!
Сабзаи сабзи ту сарсабзии мост,
Бахти фирӯз туӣ, ай суманак!
Суманак – авҷу барори тарабӣ,
Суманак – бӯи баҳори тарабӣ!
МАН БАҲОРАМ
Ман баҳорам,
Ман баҳори файзборам.
Ман арӯси фасли солам,
Файзбахшу зарнисорам.
Дар ҷаҳон овозадорам ,
Ман баҳорам.
ДАР ПУШТИ ДАР АСТ
Дарро бикушо, баҳор дар пушти дар аст,
Як дилбари беқарор дар пушти дар аст.
Як шарораи баланд гесӯи пареш,
Ишқу ҳавасу хумор дар пушти дар аст.
Эй булбули маст, нағмасозӣ сар кун,
Чу дилбари беқарор дар пушти дар аст.
Эй ташнаи ишқ, хезу оғӯшаш гир,
Рӯди хушу чашмасор дар пушти дар аст.
Гар Кӯҳканӣ, фиреби касро нахӯрӣ,
Сарв омада чун нигор дар пушти дар аст.
Бархезу дари дидаву дилро бикшо,
Нури ту дар интизор дар пушти дар аст.