Санаи 07.10.2022 директори коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ Холматов Рустам Буранович оид ба табодули таҷриба, шиносоӣ бо ҷараёни таълим, сӯҳбати хоса бо донишҷӯён, вусъат додани ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва шиносоӣ бо фаъолияти парки технологии донишкадаи муҳандисию технологии Сантлонговали Ҷумҳурии Ҳиндустон вохӯрӣ ва мулоқоти судманд анҷом дод.

 

Робитаҳои ҳамкорӣ бо дигар муассисаҳои таълимии Ҳиндустон идома дорад….

 

ИДОМАИ ВОХӮРИҲО БО МС “САДР ГЛОБАЛ” ҶУМҲУРИИ ҲИНДУСТОН

Санаи 08.10.2022 дар натиҷаи гуфтушуниди директори коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ Холматов Рустам Буранович бо директори генералии МС “Садр Глобал” – Ҳамид Абдулбари дар шаҳри Мумбайи Ҷумҳурии Ҳиндустон ҳуҷҷатҳои иловагӣ барои рушди парки технологии коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ оид ба истеҳсоли мебел ва пойафзоли мактабӣ ба имзо расонида шуданд.