ПЕШГИРИИ ҶАВОНОН БАРОИ ШОМИЛ НАГАРДИДАН БА ГУРУҲҲОИ ИФРОТГАРОӢ

Дар замоне, ки мо зиндаги дорем бо вуҷуди инқадар пешравиҳо боз ҳам гурӯҳҳое ҳастанд ки бархе аз ҷавононро ба худ шомил намуда ҳаёти онҳоро зери хатар мегузоранд. Имрӯзҳо хатари тероризм дар авҷи болоравист ва ин аҳли ҷомеаи солими ҷаҳониро ба ташвиш овардааст.Ҷавонони мо бо сабабҳои гуногун шомил мешаванд ба гурӯҳҳои ифродгароӣ. Дар Паёмҳои ҳарсолаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқот бо аҳли зиё ва ҷавонони кишвар дар бораи пешгирӣ намудани шомилшавии шаҳрвандон, бахусус ҷавонон, ба ҳаракатҳои ифротгарою террористӣ ва мазҳабу равияҳои бегона ба хотири ҳифзи суботу амнияти ҷомеа ва рушди давлати миллӣ дар фазои осоишта таъкид гардидааст. Яке аз чунин ҳаракатҳои ифротгароӣ дар заминаи эътиқодҳои динӣ амалкунанда, ки имрӯз аз ҷониби аксар давлатҳои хориҷӣ ба кишварҳои тозаистиқлоли Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон интиқол ёфта, имконияти дар оянда вайрон кардани мувозинати динию мазҳабӣ, вазъи сиёсию идеологӣ ва суботу амнияти ҷомеаро дорад,

Ин ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, бисёртар ҷавононро, ки нирӯӣ тавонои давлату миллат ва парчамбардори меҳани хеш ҳастанд, ба худ ҷалб мекунанд, ба хотири он, ки ҷавонон аз мақсадҳои нопоки онҳо бехабаранд ва гумон мекунанд, ки маблағҳои муфт ба даст меоранд ё ба қавли онҳо дар роҳи ҳақ шаҳид мегарданд ва онҳо худро муборизони Ислом мегӯянд, лекин ин дуруғи маҳз аст. Исломи муқаддас барои ҳимоя ба касе эҳтиёҷ надорад. Онҳо аз номи поки Ислом истифода менамоянд. Яке аз сабабҳои шомилшавии ҷавонон

Надоштани маълумот оид ба ифротгароӣ ва тероризм, ҳисси молу сарват яъне (пулпарастӣ), надоштани ҳисси ватандӯсти ва инсондӯстӣ ва надоштани ҳисси эҳтиром ва дӯстдорӣ нисбати оила ва наздикони худ. Сабаби дигар ин истифодаи нодурусти шабакаҳои иҷтимоӣ аст, ки ба ин воситаҳо ҷавонон зуд ба ваъдаҳои сохтаи онҳо бовар намуда шомил мешаванд. Гурӯҳҳои терористиву экстремистӣ ба ҷавонон маблағҳои калони пули ва дигаи моликиятҳо ваъда намуда онҳоро ба боварии худ дохил менамоянд, баъдан барои амалишавии мақсадҳои нопокашон истифода мебаранд.

Бекорӣ низ сабаб шуда метавонад, ки ба ҳар роҳ ҷавононро барад. Чун, ки маҳз бекорӣ одамонро новобаста аз сину сол ба содир намудани аъмоли баду ношоиста ҷалб мекунад. Ҳамчунин шахсоне, ки бекор мегарданд, онҳоро бе шубҳа, дуздиву ҳаромкорӣ домангир хоҳад буд ва мумкин аст оҳиста-оҳиста ба роҳи ифродгароӣ шомил шуда ҳаёти худро зери хатар гузоранд. Барои пешгири намудани ҷавонон, ки ба гуруҳҳои террористӣ шомил нашаванд мо бояд корҳои фаҳмондадаиҳӣ инчунин семинарҳо ва мизҳои мудавварро бисёртар гузаронем, ҷавонон фаҳманд ки мақсади нопоки гурӯҳҳои терористиву экстремистӣ дар чи иборат аст.

Қавиирода будани ҷавонони мо барои ватани азозамон заминаи хуб мегузорад. Мо ҷавононро бояд тавре тарбия намоем, ки худогоҳу ватандӯст ва ҳисси миллӣ дошта бошанд барои пешрафти Тоҷикистон саҳми босазо гузоранд. Зеро, ки қувваи пешбарандаи ҷомеаи мо ҷавонон мебошанд.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон да паёми навбатии худ ки 28.12.2024 шуда гузашт пешниҳод намуданд, ки солҳои 2025-2030-ро «Соли рушди иқтисодиёти рақамӣ ва инноватсия» – эълон карда шавад. Барои боз ҳам ноил шудан ба «иқтисодиёти рақамӣ ва инноватсия» ҷавонон бояд кушиш ба харҷ диҳанд. Мо бояд барои пешрафти Ватани азизамон саҳми арзанде гузорем чун, ки ягон шахси хориҷа Ватани азизамонро обод намекунад ва нахоҳад кард. Пешравии Тоҷикистон аз ҳар яки мо вобастаги дорад.

Шодмонов Хуршед, ассистенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва ҳуқуқ