ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ КУШОД АЗ ФАНҲОИ ФИЗИКА ВА МАТЕМАТИКА БАЙНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ КАСБИИ ҶУМҲУРӢ

Бо мақсади амалӣ намудани бандҳои нақша-чорабинии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон намудани солҳои 2020-2040, ки бо фармони Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти №1445 аз 31-уми январи соли 2020 тасдиқ гардидааст, дар коллеҷи техникии ДТТ Read more…

ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗ ДАР КОЛЛЕҶИ ТЕХНИКӢ

Санаи 18 уми марти соли 2021 дар коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ таҷлили ҷашни Наврӯз бо як шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор гардид. Чорабинии наврӯзиро Директори муассиса Холматов Рустам Буранович оғоз намуда, омӯзгорон ва донишҷӯёни муассисаро бо ҷашни Наврӯз муборакбод намуда, ҳамаи иштирокчиёнро бо ин ҷашни фархунда Read more…

Суханронии директори коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ Холматов Рустам Буранович ба ифтихори таҷлили «Ҷашни Наврӯз»

Олам ҳама хандон шуд, Наврӯз муборак бод! Ҷон дар бағали ҷон шуд, Наврӯз муборак бод! Муҳтарам меҳмонон, ҳайати профессорӣ-омӯзгорӣ, кормандону донишҷӯёни арҷманди коллеҷи техникӣ! Наврӯз муждаи зиндашавии табиат, рамзи сарсабзӣ, пирӯзии рӯшноӣ бар торикӣ ва некӣ алайҳи бадӣ мебошад. Наврӯз ҳамчун қадимтарин ва зеботарин ҷашни мардумӣ дар домони табиати зебоманзари Read more…

Табрикоти директори коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ Холматов Рустам Буранович ба ифтихори «Рӯзи Модар»

Муҳтарам бонувони коллеҷи техникӣ, ҳозирини арҷманд! Мо дар арафаи ҷашне қарор дорем, ки барои ҳар яки мо азизу муътабар, бузургу фаромушнашаванда ва  муқаддастарин  ҷашн – Рӯзи  Модар аст, чунки зери ин калима чӣ қадар меҳру муҳаббат, хушгуфторию хушрафторӣ, бузургию муҷассамаи хоксорӣ ниҳон аст. Дар олам муқаддастар аз ин мавҷудот, азизтару Read more…

ЧОРАБИНИИ ИДОНА БАХШИДА БА ТАҶЛИЛИ 28-УМИН СОЛГАРДИ АРТИШИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОЛЛЕҶИ ТЕХНИКӢ ТАҲТИ УНВОНИ “АРТИШИ МИЛЛӢ – ҲИМОЯТГАРИ МАРЗУ БУМИ ВАТАН”

Санаи 23 – юми феврали соли 2021 дар толори фарҳангии Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ, чорабинии идона бахшида ба таҷлили 28-умин солгарди Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Артиши миллӣ – ҳимоятгари марзу буми ватан” баргузор гардид. Чорабинии мазкур бо ишти       роки намояндагони Кумитаи иҷроияи Read more…

ТАҶЛИЛИ РУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОН ДАР КОЛЛЕҶИ ТЕХНИКӢ

20-уми феврали соли равон дар кафедраи забони тоҷикӣ бахшида ба рузи байналмилалии забон ва ҷамъбасти ҳафтаи фанни ҳамоиш байни омузгорон ва донишҷуёни муассиса гузаронида шуд. Дар ҳамоиш Зулфониён Раҳим Раҷабзода – сардори шуъбаи танзими истилоҳоти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини директор оид ба илм ва инноватсия Read more…

СУБОТИ СИЁСӢ ВА ОРОМИИ ҶОМЕА КАФИЛИ РУШДИ, ДЕҲОТ САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ

Санаи 27-уми феврали соли 2021 тибқи нақша-чорабиниҳои маъмурият, бо ташаббуси шуъбаи илм ва кафедраи фанҳои гуманитарӣ дар коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ бахшида ба “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021”, конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ, таҳти унвони “Суботи сиёсӣ ва оромии ҷомеа кафили Read more…

МУБОРИЗА ВА ПЕШГИРИИ НАШЪАМАНДӢ, МАЙПАРАСТӢ, ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ, ҚОНУНШИКАНӢ, ДАСТ НАЗАДАН БА ДУЗДӢ, ИСТИФОДАИ ТЕЛЕФОНҲОИ МОБИЛӢ

Дар толори маҷлисгоҳи коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ санаи 18-уми феврали соли 2021 ҳамоиш дар мавзӯи «Мубориза ва пешгирии нашъамандӣ, майпарастӣ, терроризм ва экстремизм, қонуншиканӣ, даст назадан ба дуздӣ, истифодаи телефонҳои мобилӣ» байни волидайни донишҷӯён баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур намояндагони раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонон Read more…

НАМОИШИ МАҲОРАТУ ИСТЕЪДОД БАХШИДА БА «БИСТСОЛАГИИ ОМӮЗИШИ ФАНҲОИ ТАБИАШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ» ДАР КОЛЛЕҶИ ТЕХНИКӢ

Санаи 15-уми феврали соли 2021 дар толори фарҳангии Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ  конференсияи илмӣ бахшида ба «Бистсолагии омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» дар мавзӯи «Математика илми созанда» ва ҷамъбасти ҳафтаи фаннӣ баргузор гардид. Конференсияи мазкур  бо иштироки фаъоли донишҷӯён ва омӯзгорони кафедраи фанҳои номбурда Read more…