Азизмамадова Зулфия Сафармамадовна
Раиси шӯрои бонувони коллеҷи техникӣ
Тел: (+992 37) 227-59-83,   (+992) 938007367
E-mail: zuzu 7367@mail.ru

Бахши кор бо духтарону занон як шохаи ҷамъиятии коллеҷи техникӣ тобеъ ба муовини директор оид  ба корҳои тарбия мебошад.

Бахши кор бо духтарону занон ба хотири иҷрои бомуваффақияти мақсад ва вазифаҳо ҳамкории доимии худро бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ махсусан Шўрои сарпарастон, Шўрои волидайн ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ба роҳ мемонад.

Дар коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ дар баробари дигар сохторҳо Шурои занон ва духтарони муассиса фаъолият менамояд, ки ҳамасола нақшаи кории Шуро аз тарафи раиси Шурои занон тартиб дода шуда аз тарафи муовини директор оид ба тарбия тасдиқ мегардад.

Нақшаи кории Шурои занон аз 13 банд иборат буда дар ҳамкорӣ бо раёсати ташкилӣ-тарбиявӣ аз рўи нақша-чорабиниҳои худро мегузаронад.

Шурои занон ва духтарон аз раис ва 6 аъзо иборат мебошад. Дар соли таҳсилӣ 2019-2020 дар коллеҷи техникӣ 86 нафар занон ва  435 донишҷудухтарон фаъолият ва таҳсил менамоянд, ки пайваста дар корҳои ҷамиятии муасисса фаъолона иштирок менамоянд.

Фаъолияти 5 соли охири  Шурои занон назаррас буда дар тамоми самтҳо кушиш менамояд, ки дар баробари мардҳо саҳми худро гузорад.

Садорати муассиса низ сиёсати пешгирифтаи давлатро дастгирӣ намуда  занон ва духтарони муассисаро дар вазифаҳои роҳбарикунанда таъин намуда, донишҷудухтаронро баъди хатми коллеҷ ба муассиса ба кор қабул менамояд.

Занон ва духтарони муассиса пайваста дар озмунҳои шаҳри, ноҳиявӣ ва ҷумҳуриявӣ иштирок намуда сазовори ҷойҳои намоён мегарданд.