Раҷабов Акрам Раҷабалиевич 
мудири бахши мониторинг ва
идораи сифати таҳсилот
  +992110010211
E-male: AR.animator@mail.ru

Раҷабов Акрам Раҷабалиевич 13 июли соли 1995 дар ш. Душанбе Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. 

Соли 2017 факултети филологияи ДМТ-ро хатм кардааст.аз соли 2018 магистранти ДДСТТ мебошад. Солҳои 2017-2018 омӯзгори фанни технологияи иттилоотӣ дар МТМУ №29 н.Шоҳмансури шаҳри Душанбе Аз моҳи сентябри соли 2017 то ин ҷониб ассистенти кафедраи технологияи иттилоотӣ ва барномасозӣ ва аз соли 2021 инҷониб ба ҳайси мудири бахши мониторинг ва идораи сифати таҳсилоти Колеҷи Техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ кору фаъолият мекунад. Аъзои ҲХДТ мебошад.

Исоева Меҳрона  Сайёдовна
Сармутахассиси бахши мониторинги сифати таҳсилот                               

Исоева Меҳрона  Сайедовна 28.05.1995  дар шаҳри Душанбе дар оилаи соҳибкор  чашм ба олами ҳастӣ кушод. Соли 2002 ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 31  ноҳияи Шоҳмансури  шаҳри Душанбе рафта,  онро соли 2013 бо баҳои хубу аъло хатм намуд. Соли 2015  ҳуҷҷатҳояшро ба  коллеҷи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ дар ихтисоси 2-40010135 «Таъминоти барномиавии коркарди маълумотҳои  иқтисодӣ ва иттилооти корӣ» супорида муасссисаи номбурдаро соли 2018 бо муваффақият хатм намудааст.   Соли 2018 ҳуҷҷатҳояшро ба Донишгоҳи Давлатии Молия ва Иқтисоди Тоҷикистон дар шуъбаи ғоибона супоридааст. Аз соли 2018 фаъолияти меҳнатиашро дар вазифаи  муттахассиси бахши мониторинг ва идоракунии сифати таҳсилот дар коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М. Осимӣ оғоз намудааст.Айни ҳол муттахассиси бахши мониторинг ва идоракунии сифати таҳсилот дар коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М. Осимӣ мебошад.