Факултети нақлиёт ва технология

Факултети нақлиёт ва технология яке аз факултетҳои коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ ба шумор рафта аз моҳи январи соли 2020 ба коллеҷи номбурда ҳамроҳ шуда фаъолият намуда истодааст.

Факултет дорои 3-кафедра мебошад як кафедраи тахассуси ду кафедраи ғайри тахассусӣ. 1. Кафедраи нақлиёт ва технология. 2. Кафедраи забони тоҷикӣ. 3. Кафедраи варзиш ва мудофиаи шаҳрвандӣ.

Дар факултет 16-гурӯҳи академӣ аз рӯи 7-ихтисос таҳсил намуда истода-анд, ки декании онро Раҳимов Набиҷон Искандарович, эдвайзери таълим – Файзалиев Шамсидин Мирзовалиевич, эдвайзери таълим Давлатов Ғолибҷон Исомуддинович, эдвайзери тарбия –

Саидаҳрори Халил ва танзимгар Мирзошарифова Санифа Азизуллоевна ба ӯҳда доранд.

Айни ҳол дар факултет 374- нафар донишҷӯён таҳсил менамоянд, ки 366 – нафар писарон ва 8 – нафар духтарон мебошанд. Аз шумораи умумии донишҷӯён 106– нафар дар гурӯҳҳои буҷавӣ ва 268– нафар дар гурӯҳҳои шартномавӣ таҳсил карда истодаанд.

Номгуи ихтисосҳое, ки дар факултет мутахассисон омода карда мешаванд.

  1. 2-270131 05- иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот дар корхонаҳои нақлиёти автомобилӣ.
  2. 2-361131-01 – истифодабарии техникии мошин таҷҳизоти бинокорӣ ва роҳсозӣ.
  3. 2-360101 – технологияи мошинсозӣ.
  4. 370101-33 – нигоҳубини техникӣ ва таъмири муҳарикони дарунсӯз.
  5. 2-370107 – хизматрасонии мошинҳо (автосервис).
  6. 2-440101-32 – ташкили ҳамлу нақл ва идоракунии нақлиёти автомобилӣ.
  7. 2-460102 –технологияи истеҳсолӣ мебел.

Хатмкунандагони ихтисосҳои факултети нақлиёт ва технология боиси ифтихор аст, ки дар Раёсати Бозрасии Давлатии Автомобилии ВКД ҶТ, Муассисаҳои нигоҳдории роҳҳои автомобилгард, ҶСК Тоҷиктекстил-маш, ҶДММ- Реймстройдормаш, комбинати сементбарорӣ, карйерҳо барои тайёр намудани масолеҳҳои сохтмонӣ ва дигар соҳаҳои сохтмон ва нақлиёт Вазорати нақлиёт, Хадамоти танзим дар соҳаи нақлиёт, Душанбенақлиёт – хадамотрасон, Сомон-сервис, Ҷамъиятҳои мусофиркашонӣ, Муассисаҳои нигоҳдории роҳҳои автомобилгард, Муассисаҳои нақлиёти автомобилӣ, Холдинг-контгрупп Тоҷикистон, ККВД – Автобус – 1,2,3. ва дигар муассисаҳои дахлдор кору фаъолият карда метавонанд.

РАҲИМОВ НАБИҶОН ИСКАНДАРОВИЧ

ДЕКАНИ ФАКУЛТЕТИ НАҚЛИЁТ ВА ТЕХНОЛОГИЯСол ва ҷои таввалуд: 16.08.1986 н. Ховалинг д.Доробӣ

Миллат: тоҷик

Таҳсилот: олӣ

Хатмкардаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ дар самти мошинҳо ва таҷҳизотҳои бинокориву ҳамлу нақл ва роҳсозӣ.

Бо нишони аълочии маорифи ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2020

Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

 

 

ДАВЛАТОВ ҒОЛИБҶОН ИСОМУДДИНОВИЧ

ЭДВАЙЗЕРИ ТАЪЛИМ ДАР ФАКУЛТЕТИ НАҚЛИЁТ ВА ТЕХНОЛОГИЯ

Сол ва ҷои таввалуд: 21.06.1995 н. Данғара д.Талхоб

Миллат: тоҷик

Таҳсилот: олӣ

Хатмкардаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ

 

 

 

 

 

ФАЙЗАЛИЕВ ШАМСИДИН МИРЗОВАЛИЕВИЧ

ЭДВАЙЗЕРИ ТАРБИЯИ ФАКУЛТЕТИ НАҚЛИЁТ ВА ТЕХНОЛОГИЯ

Сол ва ҷои таввалуд: 01.12.1991 н. Балљувон

Миллат: тоҷик

Таҳсилот: олӣ

Хатмкардаи Донишгоњи давлатии омузгории Тољикистон ба номи устод С. Айни

 

 

 

 

 

МИРЗОШАРИФОВА САНИФАМОҲ АЗИЗУЛЛОЕВНА

Танзимгар дар факултети нақлиёт ва технология

Сол ва ҷои таввалуд: 28.10.1983 н. Ховалинг д.Ҷавонбахт

Миллат: тоҷик

Ҷинс: зан

Таҳсилот: олӣ

Кафедраи забони тоҷикӣ

«Забон барҷастатарин ва гӯётарин поя,

шиноснома ва нишони бақои

ҳар як халқу миллат аст»

Э.Раҳмон

Кафедраи забони тоҷикӣ ҳамчун зерсохтори коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ фаьолияти худро мутобиқ ба Қонуни Ҷумҳурии Точикистон «Дар бораи маьориф», Қонуни Ҷумҳурии Точикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ », Қонуни Ҷумҳурии Точикистон «Дар бораи санадҳои меьёрии ҳуқуқӣ », Қонуни Ҷумҳурии Точикистон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника », низомномаҳо, қоидаҳо ва дастурамалҳои қабул намудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Точикистон, оиномаи коллеҷ, низомнома, қоидаҳо ва дастурамалҳои қабулнамудаи Коллеҷ, фармонҳои директор, дастурамали вазифавӣ, инчунин, нақшаи кори Шӯрои олимон, маьмурият, кафедра ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф ба роҳ мондааст.

Солҳои таҳсили 2016-2017 муаллими калон Шарипова Лайло роҳбарӣ намудаанд.Соли таҳсили 2017-2018 бо фармоиши директории муассиса н.н.и.дотсент Асроров У.С кафедраи забони тоҷикӣ бо ду кафедра, яъне кафедраи забони тоҷикӣ ва кафедраи забонҳои хориҷӣ карда шуд.Дар ин муддат роҳбари кафедраи забони тоҷикиро Назаров Холназар,роҳбарии кафедраи забонхои хориҷиро Кимабӣ Элназар с.2017-2018 ва с.2018-2019 Шарирпова Адолат ба уҳда дошт Моҳи майи соли 2019 №10 бо фармоиши директори муассиса н.н.и.,дотсент Асроров У.С кафедраи забонҳои хориҷӣ ва кафедраи забони тоҷикӣ якчоя карда шуда, иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедра Назаров Холназар Давлатшоевич таъин карда шуд. То моҳи феврали соли 2020 роҳбарии кафедраро ӯ ба ӯҳда дошт. Аз моҳи феврали соли 2020 кафедраи забонҳо бо ду кафедра, яъне кафедраи забони тоҷикӣ ва кафедраи забонҳои хориҷӣ ҷудо карда шуд. Аз он вақт то ҳол вазифаи мудири кафедраи забонҳои тоҷикиро Назаров Холназар иҷро мекунад.

Назаров Холназар Давлатшоевич рисолаи номзадии худро дар мавзӯи “Афкори педагогӣ – ахлоқӣ дар ҳамосаи “Гӯрғулӣ” 28.03.2020 ба дифоъ расонид. Ҳоло дар кафедраи забони тоҷикӣ 16 нафар омӯзгор фаъолият доранд, ки 10 нафар омӯзгори асосӣ, 2- нафар ҳамкори дохила ва 3 нафар ҳамкори беруна ва як нафар ҳуҷҷатнигор мебошанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,муҳтарам Эмомаӣ Раҳмон дар яке аз суханрониашон бо зиёиёни кишвар қайд карда будан, ки “Омӯзгорӣ муқадастарин пешаи руйи олам аст.Бедории фикр,покизагии ахлоқ ва ташаккули тафаккури зеднӣ аз меҳнати шаборӯзии омӯзгор вобастагӣ дорад.”

Аз ин лиҳоз, омӯзгорони кафедраи забонҳо ин суханҳои Пешвои миллатро ифтихори пешаи хещ дониста, фориғ аз дарсҳо ба таълифи мақолаҳои илмӣ, оммавӣ ва дастурҳои таълимӣ методӣ машғул ҳастанд. Хулоса кафедраи забонҳо фаъолияти худро мунтазам дар доираи қонунгузории ҷорӣ нақша – чорабиниҳои кафедра дастуру супориш ва фармонҳои директори коллеч ба роҳ монда, дар самти илмию эҷодӣ ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардидааст.

Кафедраи нақлиёт ва технология

Кафедраи нақлиёт ва технология фаъолияти таълимӣ –методии худро дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, санадҳои ҳуқуқӣ-меъёрии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ ва дастуру супоришҳои роҳбарияти коллеҷ ба роҳ монда, таълим ва тарбияи мутахассисони ояндаро дар соҳаи нақлиёт ва технология тибқи стандартҳои давлатии тахассусии таҳсилоти миёнаи касбӣ ва ибтидоии касбӣ инчунин дар асосӣ нақшаҳои таълимии тасдиқшуда амалӣ намуда истодааст.    

Заминаи моддию техникии кафедра нисбати солҳои қаблӣ хело беҳтар гардидааст, чунки дар солҳои охир дар кафедра як қатор айёниятҳо ва лавозимотҳои лозимии техикию технологии замонавӣ, тахтаҳои электронӣ ва видеопроектор гардид.

Кафедраи нақлиёт ва технология дар асоси Оинома ва Низомномаи коллеҷи техникӣ фаъолият намуда, аз рӯи ихтисосҳои зерин мутахасис тайёр менамояд:

1.     ихтисоси 2-360101-Технологияи мошинсозӣ

2.     ихтисоси 2-36113101-Истифодабарии техникии мошину таҷҳизоти бинокорӣ ва роҳсозӣ

3.     ихтисосҳои 2-370101-33 „Хизматрасонии техникӣ ва таъмири муҳарикони дарунсӯз“

4.     ихтисосҳои 2-370107„Автосервис (хизматрасонии мошинҳо)“

5.     2-440101-32 „Ташкили ҳамлу нақл ва идоракунии нақлиёти автомобилӣ”

6.     ихтисоси 2-460102-31-Технологияи истеҳсоли мебел

7.     ихтисоси 3-370152 01 «Челонгар оид ба таъмири муҳаррики автомобил» (шӯъбаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ)

8.     ихтисоси 3-3701052 03 «Барқчӣ оид ба таъмири қисмҳои барқии автомобил» (шӯъбаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ)

Кафедраи варзиш ва мудофиаи шаҳрвандӣ



 

Самти фаъолияти касбии мутахассисони ихтисоси 2-440101-32 «Ташкили ҳамлу нақл ва идоракунии нақлиёти автомобилӣ» бо тахассуси техник-доир ба ташкил ва идоракунӣ.

  

 


 

Самти фаъолияти касбии мутахассисони ихтисоси 2-370101-33«Хизматрасонии техникӣ ва таъмири муҳаррикҳои дарунсӯз» бо тахассуси техник-механик.

  


 

Самти фаъолияти касбии мутахассисони ихтисоси 2-361131-01 «Истифодабарии техники мошину таҷҳизоти бинокорӣ ва роҳсозӣ» бо тахассуси техник-механик.

  


 

 

Самти фаъолияти касбии мутахассисони ихтисоси  2-36 0101 «Технологияи мошинсозӣ» бо тахассуси техник-технолог.